Корхонаи Воҳиди Давлатии
"ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛӢ"
+(992) 372 334983
Тамос бо мо
Русский (RU) Тоҷикӣ (TJ)

КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» бо таҷҳизоти сайёри муайяннамоии сифати оби нӯшокӣ таъмин гардид

14.05.2021

КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» бо таҷҳизоти сайёри муайяннамоии сифати оби нӯшокӣ таъмин гардид

Имрӯз аз ҷониби Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон ба Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» 18 адад таҷҳизоти сайёри муайяннамоии сифати оби нӯшокӣ супорида шуданд.
Дар маросими супоридани таҷҳизот сардори Раёсати робитаҳои иқтисоди хориҷӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Абдуқодир Файзуллоев ва директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон Саломе Штайб сухан намуданд.
Сардори Раёсати робитаҳои иқтисоди хориҷӣ ва тадбиқи лоиҳаҳои сармоягузории КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Абдуқодир Файзуллоев гуфт, ки бо дархости КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронависи КОВИД-19, инчунин дигар бемориҳои сироятии ба воситаи оби нӯшокӣ гузаранда, ба хотири бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ имрӯз Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон 18 адад таҷҳизоти сайёри муайяннамоии сифати оби нӯшокиро тариқи ройгон супорид. Таҷҳизот ба маблағи зиёда аз 1 миллион сомонӣ аз ҷониби Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон харидорӣ шуда, ба корхонаҳои обтаъминкунии тобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», воқеъ дар шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ тақсим карда мешаванд.
Абдуқодир Файзуллоев иброз дошт, ки айни замон таъмини истеъмолкунандагон бо оби мутамаркази оби нӯшокӣ дар саросари кишвар аз ҷониби 80 корхонаи махсуси обтаъминкунӣ, ки тобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» мебошанд, амалӣ карда мешавад. Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» бо истифода аз имконот дар доираи «Барномаи беҳтар намудани аҳолии ҷумҳурӣ бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008-2021» ва дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028 тамоми тадбирҳоро андешида истода, аҳолии ҷумҳуриро бо оби тозаи нӯшокӣ дар ҳаҷми зарурӣ таъмин намояд. Аз фурсати муносиб истифода бурда, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» бори дигар ба Дафтари ҳамкории Швейтсария барои ҳамкории пурсамар дар барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва канализатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодагӣ ба ҳамкорӣ дар ин самт изҳори сипос менамояд.
Инчунин дар ҷамъомад зикр шуд, ки барои истифодаи дурусти таҷҳизот соли равон ба мутахассисони корхонаҳои тобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» бо маблағгузории Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Фонди Оғохон курсҳои омӯзишии дахлдор гузаронида шуд.
Дар маросими супоридани таҷҳизот директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон Саломе Штайб, муовини ӯ Ришар Шеневар, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Ҳакимзода, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Зуҳурзода ва намояндаи Агентии Оғохон дар Тоҷикистон иштирок доштанд.


Возврат к списку