Корхонаи Воҳиди Давлатии
"ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛӢ"
+(992) 372 334983
Тамос бо мо
Русский (RU) Тоҷикӣ (TJ)

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

05.11.2021

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

Имрӯз 5 ноябри соли 2021 дар маҷлисгоҳи Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ҷаласаи ботантана ба муносибати рӯзи конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид!

Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди давлатдорӣ

Ҳамасола халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни фархундаи қабул гардидани Қонуни Асосӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсози худ - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо як ҷаҳон фараҳу шодӣ таҷлил мекунанд.

Ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикиашон ба муносибати Рӯзи Конститутсия қабули ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсозро яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлолияти миллӣ арзёбӣ карда, ба он ҳамчун танзимкунандаи тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ баҳои баланд додаанд: ва қайд намуданд, ки «Қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳимтарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештар мегардад».

Бояд қайд кард, ки Конститутсия ҳуҷҷатест, ки дар он иродаи мардум, равандҳо ва меъёрҳои асосии ташкили ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ муқаррар мегардад. Дар таърихи кишвари мо панҷ маротиба Конститутсия қабул гардидааст, ки ҳар яки он марҳалаи нави инкишофи давлат ва ҷомеаро муайян мекард. Қабули Конститутсия агар аз як тараф, дастоварди таърихӣ бошад, аз ҷониби дигар, татбиқи меъёрҳои он, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз конститутсияҳои қаблӣ фарқи куллӣ дорад. Арзишҳои ин ҳуҷҷати муҳим инъикосгари сиёсати инсондӯстонаю инсонпарварона ва эътирофу эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд будани он маҳсуб гардида, шаҳодати ин нуқта озодии баён, матбуот, виҷдон ва дин дар Тоҷикистон аст.

Конститутсия тартиботи асосии ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа буда, аз ҷиҳати мазмуни худ қонуни асосии мамлакат мебошад. Вай поягузори давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоии Тоҷикистон буда, системаи равандҳои асосии бунёди давлат дар боби аввали Конститутсия асосҳои сохтории он муқаррар шудааст. Он тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву идеологӣ ва соҳаи байналмилалиро дар бар мегирад.

Бояд гуфт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳоеро ба давлату миллати тоҷик дод, ки онҳо баҳри ташаккули давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона арзиши хосаеро доро мебошанд.

Дар таърихи мардуми мо нахустин маротиба дар Конститутсияи мазкур қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона аст ва танҳо халқ таҷассумкунандаи Истиқлолият ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатист. Тамоми корҳое, ки дар партави Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон анҷом дода шудаанд, танҳо ба хотири таҳкими пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлати Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва фаъолият барои шаҳрвандон ва мустаҳкам намудани Ваҳдати миллии тамоми сокинони Тоҷикистон анҷом дода шудаанд.

Имрӯз баъди сипарӣ гардидани 27 сол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимодамон қавї мегардад, ки роҳи пешгирифтаи Сарвари тоҷикон, кафолатбахши амнияту осоиши кулли халқу миллатҳои сокини сарзамини тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳроҳи эътимоду боварӣ, раҳнамунсози миллати соҳибтамаддуни тоҷик ҷониби қуллаҳои баланди Истиқлолияти давлатӣ, пешрафту созандагӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ ва худшиносию ҳуввияти миллӣ мебошад.

Аз ин рӯ, Конститутсия шоҳсутун, бахтномаи миллат ва тақдирсози имрӯзу фардои давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик маҳсуб ёфта, ҳифз ва риоя кардани он барои ҳар як фард қарзи шаҳрвандӣ буда ва мо мардуми ин сарзамин ба қадри истиқлолу озодии давлати мустақил, соҳибихтиёр, сулҳу субот ва оромиву осудагии ҷомеа бояд бирасем.  

Меҳмонон ва ҳамкорони гиромиқадр! Табрикоти самимонаи моро ба муносибати ҷашни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бипазиред. Аз фурсати муносиб истифода бурда, дар ин рӯзи муҳими таърихӣ Шумо ва дар симои Шумо ба тамоми хонаводаатон саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда, сарсабзиву хонаободӣ ва дар корҳои ояндаатон бурдбориҳоро таманно дорем.

Ба диқататон ташаккур!


Возврат к списку