Имрӯз дар Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” бахшида ба рӯзи парчами миллӣ ҷаласа баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” Табарзода Ҷамшед Афзал ҳозирин ва дар шахсияти онҳо тамоми мардуми заҳматкаши кишварро ба ин рузи баҳамории кулли сокинон муборакбод намуд.
Мавсуф иброз намуд, ки дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоб баргузор гардида, тақдири минбаъдаи миллату давлати тоҷиконро муайян намуд, самтҳои тараққиёти мамлакат муайян карда шуда, ба ҳамдигарфаҳмӣ, баҳамойӣ, дӯстиву рафоқати байни тарафҳои даргир дар Тоҷикистон асос гардид. Аз ин ҷиҳат Иҷлосияи мазкурро барои миллати тоҷик тақдирсоз номгузорӣ менамоянд.
Яке аз дастовардҳои дигари муҳими Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ – қабули рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амсоли Нишон ва Парчами миллӣ тасдиқ ва қабул карда шуданд.
Аз суханронии Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб бахшида ба Иҷлосияи тақдирсоз огоҳӣ доред, ки гуфта буд:
«муддати беш аз як соли мустақилияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби рамзҳои давлатӣ нашуда буд, дар ин давра мо на Нишон доштем, на Парчам доштем ва на Суруди миллӣ».
Рӯзи аввали қабул гардидани рамзҳои давлатӣ - муқаддасоти кишвар ва созмон додани нахустин Парчами миллӣ, рӯзи 19 ноябри соли 1992 маҳз бо ташаббуси Раиси онвақтаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳоло Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамаи роҳбарони тарафҳои даргир дар Қасри Арбоб гирд оварда шуданд. Дар зери Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарафҳои ба ҳам зид низ қасам ёд карданд, ки сулҳу амниятро дар ҷумҳурӣ дастгирӣ менамоянд.
Ҳамин тариқ, Парчами миллӣ дар роҳи таҳкими дӯстию бародарӣ, сулҳу субот дар кишвар ва якпорчагии Тоҷикистони азизамон нақши хеле арзишманд дорад, он омили сулҳофарии тоҷиконро боз ҳам такони бештар дода буд.
Бояд қайд намуд, ки дар раванди омода кардан ва пешниҳод намудани рамзҳои давлатӣ аз қабили Парчам ва Нишони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори вакилони мардумӣ, саҳми академикҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон, шоирону нависандагон ва зиёиёни тоҷик ҳам хеле бузург аст, гарчанде дар ҳалли ин масъала фикру ақидаҳо хеле мухталиф буданд. Ин омил сабаб дошт, зеро дар он замон ҳар як гурӯҳ мехост дар ин масъала «гапи худро гузаронад». Аммо, вакилони мардумӣ пас аз муҳокимарониҳои зиёди тӯлонӣ таҳти сарварии Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд дар ин масъалаи аз ҷиҳати моҳият хеле муҳим ба мувофиқа расанд.
Агар ба гузаштаи дури халқи тоҷик назар афканем, саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик собит месозанд, ки дар гузашта низ подшоҳону сарлашкарони мардуми тоҷик Парчами худро доштанд. Аз ҷумла, пас аз парчами Кова, ки дар таърих ҳамчун «дирафши Ковиёнӣ» ном бурда мешавад, шоҳ Фаридун дар давраи ҳукмронии худ соҳиби парчаме буд, ки он чаҳор гӯша дошта, чор ранг - сурх, сафед, зард, сабзро дар бар мегирифт ва дар маркази он уқобе ҷойгир шуда буд, ки дар чанголҳо ва болои сари он кураҳои даврашакли тиллоӣ ҷойгир буданд ва он бо сангҳои гаронбаҳо зебу зиннат дода шуда буд.
Дар ин давраҳо ҳар шоҳе, ки ба сари қудрат меомад, ба ин парчам сангҳои нави гаронбаҳоро ҷойгир мекард ва он ба дараҷае зебу оро дода шуда буд, ки ҳатто шабонгоҳон медурахшид.
Имрӯзҳо, пас аз гузаштани беш аз 30 соли Истиқлолияти давлатӣ, вақт собит намуд, ки рамзҳои давлатии дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулгардида ба тамоми талаботи милливу мазҳабии мардуми Тоҷикистон ҷавобгӯй аст ва дар арсаи байнал-миллалӣ ҳамчун парчами зеботарин эътироф шудааст.
Санаи 31 августи соли 2011 дар арафаи таҷлили ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Парчами давлатии Тоҷикистон бо бузургию ҳашамат, ки назираш дар дунё нест, дар паҳлӯи чапи Қасри миллат таҳти ҳамовозии
Суруди миллии Тоҷикистон, бо иштирок ва дар ҳузури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Парлумону ҳукумати кишвар ва сокинону меҳмонони бешумори пойтахт - шаҳри Душанбе ба баландии рекордӣ дар ҷаҳон - 165 метр бардошта шуд.
Хотиррасон бояд намуд, ки чанде пештар дар ҳамон сол дар паҳлӯи рости қасри миллат Нишони давлатии Тоҷикистон қомат афрохт, ки баландии он бо зерпояаш 45 метрро ташкил медиҳад. Парчами боҳашамати давлатии Тоҷикистон, ки 30 метр баландӣ ва 60 метр паҳно (дарозӣ) дорад, якҷо бо Нишони давлатӣ дар ду паҳлӯи қасри миллат ба маҷмааи биноҳои маъмурию фарҳангии кишвар дар маркази пойтахт ҳусну таровати тоза бахшидаанд.
Ҳар ҷо, ки парчами Тоҷикистон парафшон аст, он ҷо садои тоҷик ва ифтихори тоҷикӣ баръало мушоҳида мешавад. Қадр кардани рамзҳои давлатӣ баёнгари боз ҳам устувории ғояҳои миллии мост. Ин парчам парчами соҳибистиқлолии тоҷикон ё ба таври дигар Парчами давраи навини давлатдории тоҷикон аст.
Ҳазорсолаҳо касе фикр намекард, ки парчами тоҷикон миёни дигар кишварҳои олам парафшон гашта, аз минбарҳои баланди байналмилалӣ – Созмони милали муттаҳид мушоҳида мешавад.
Имрӯзҳо бо баракати соҳибистиқлолӣ, сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарафманди тоҷик парчами зебои мо ба ҷаҳониён шиносо шудааст.
Таманно мекунем, ки сулҳу осоиш дар Тоҷикистони азизамон ҳамеша мустақар ва Парчами миллӣ доимо баланду парфишон бошад ва мо ҳамагӣ барои ояндаи неку ҷовидонаи Ватани аҷдодии худ саъю талош ва кӯшиши беандоза намоем.
Имрӯзҳо садҳо нафар сокинони пойтахт ва меҳмонон аз тамоми ҷумҳурӣ ва берун аз он ба тамошои Парчами миллӣ меоянд, навхонадорон ба пояи он гулҳо меафшонанд, пиру барно онро нишони ободию озодии кишвари азизамон медонанду мехонанд.
Бигзор Парчами миллӣ ҳамчун рамзи дӯстию рафоқат дар байни халқҳо, меҳру муҳаббату садоқат ба ватан, сулҳу осоиши кишвар ва ободию рӯзгори созандаи мардуми фарҳангсолори тоҷик ҳамеша дар фазои озоди Тоҷикистони азизамон ҳамчун рамзи муқаддасоти миллӣ парафшон бошад!