Корхонаи Воҳиди Давлатии
"ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛӢ"
+(992) 372 334983
Тамос бо мо
Русский (RU) Тоҷикӣ (TJ)

Нишасти Матбуотӣ

29.07.2022

Нишасти Матбуотӣ

Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» баҳри иҷрои супориши Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2022, №26/10-272 тибқи Нақшаи баргузории Нишастҳои матбуотӣ 29 июли соли 2022 дар мувофиқа бо АМИТ “Ховар” соати 1030 ин чорабиниро дар бинои маъмурии корхона воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Қарабоев, 56 бо иштироки муовини аввали Директори генералӣ, сардорони шуъбаҳои корхона ва директорони корхонаҳои тобеъ баргузор намуд.

Дар нишасти матбуотӣ, ки ба фаъолияти иқтисодию молиявии корхонаҳои тобеи КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” дар нимсолаи якуми соли 2022 ва нақшаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2022 бахшида шуда буд, намояндагони ВАО-и даъватшуда ширкат намуданд.

Дар нишасти доирнамудаи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» намояндагони васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ аз он ҷумла: Садои Душанбе, Радиои Тоҷикистон, Телевезони сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Радиои озодӣ, Радио халқ овозӣ, Муассисаи давлатии “Телевезони Сафина”, Радиои Ховар, Радиои Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Телевезони Ҷаҳоннамо” рўзномаву ҳафтаномаҳои «Ҷавонони Тоҷикистон», «Садои мардум», “Ҷавонони Тоҷикистон”, Агентии иттилоотии “Авеста”, Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», “Рӯзномаи фараж”ва “Роҳбари гуруҳи эҷодии Пайк”ва ғайраҳо иштирок намуданд.


Ба намояндагони ВАО - и иштирокдошта раҳнамои матбуот бо забони тоҷикӣ, ки ҳама паҳлўҳои фаъолияти корхонаро дар давраи ҳисоботӣ фаро мегирифт, дастрас карда шуд.

Дар оғози чорабинӣ муовини аввали Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” Ғафорзода Ҷ.М., ба иштирокдорони нишаст доир ба фаъолияти иқтисодию молиявии корхонаҳои тобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар нимсолаи якуми соли 2022 ва нақшаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2022 маълумоти муфассал дод.

Сипас дар байни намояндагони ВАО ва муовини аввали Директори генералии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” , сардорони шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва директорони корхонаҳои тобеъ табодули афкор сурат гирифт, ки ба ҳамаи саволҳои додашуда, намояндагони ВАО посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.

Ҳамзамон, аз ҷониби муовини аввали Директори генералии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” изҳори бовари карда шуд, ки намояндагони ВАО дар инъикоси реалии масъалаҳои ҳалталаби соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бо корхона ҳамкориҳои судманд ба роҳ монанд, чун ки ин ҳамкориҳо ба беҳдошти сатҳу сифати зиндагии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона хоҳад шуд.

Қобили қайд аст, ки дар бораи баргузории нишасти матбуотии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” тариқи васоити ахбори омма, аз ҷумла дар телевизиону радио намоишу хабарҳо пахш гардида, дар рўзномаву ҳафтаномаҳои ҷумҳуриявии болозикр мақолаҳои дахлдор табъу нашр шуда истодааст.

Бинобар сабаби хуб набудани саломатии Директори генералии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” муовини аввали Директори генералӣ нишасти матбуотиро гузаронид.


Возврат к списку