Корхонаи Воҳиди Давлатии
"ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛӢ"
+(992) 372 334983
Тамос бо мо
Русский (RU) Тоҷикӣ (TJ)

Ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2022

07.07.2022

Ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2022

Ҷамъбасти фаъолияти иқтисодию молиявии

корхонаҳои тобеи КВД «ХМК» дар шашмоҳаи якуми соли 2022

ва нақшаҳо барои шашмоҳаи дуюми соли 2022

Имруз дар маҷлисгоҳи Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти иқтисодию молиявии корхонаҳои тобеи КВД «ХМК» дар шашмоҳаи якуми соли 2022 ва нақшаҳо барои шашмоҳаи дуюми соли 2022 баргузор гардид.

Ҷаласаро Директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Давлатзода У. Г., ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд ва онҳоро ба омад – омади иди Қурбон табрик намуд.

Сипас, муовини якуми Директори генералии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” Ғафорзода Ҷ. М., дар бораи фаъолияти иқтисодию молиявии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” дар давраи ҳисоботӣ ва мушкилиҳои дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҷойдошта ва ҳалли онҳо баромад намуд (замима мегардад).

Директори генералӣ Давлатзода У. Г., ба таҳлили фаъолияти корхонаҳои тобеъ шурӯъ намуда, сухани навбатиро ба Абдуллоев Н. – сардори Шуъбаи иқтисод дода дар рафти ҷаласаи мазкур Директори генералӣ оид ба иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи шартномаҳои уҳдадориҳои қарзии БАТР суханрони намуда, аз ҷониби ў вобаста ба масъалаҳои ҳалталаби мазкур ба роҳбарони корхонаҳои тобеъ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ супоришҳои қатъӣ дода шуд.

Дар рафти ҷаласа барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва дар сатҳи зарурӣ иҷро намудани нишондиҳандаҳои молиявӣ дар назди Корхона ва БАТР, ҷиҳати саривақт дастрас намудани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва иљрои сариваќтии дастуру супоришҳои Роҳбарияти КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ба директорони корхонаҳои тобеъ, аз он ҷумла: КДФ “О ва К”-и н. Ёвон, КДФ “О ва К”-и н. Муъминобод, КДФ “О ва К”-и ш. Панҷакент, КДФ “О ва К”-и н. Шаҳристон, КДФ “О ва К”-и н. Данғара, КДФ “О ва К”-и   ш. Кӯлоб, КДФ “О ва К”-и н. Ванҷ инчунин, КДФ “ХМК” ш. Бохтар, КДФ “ХМК” н. Хуросон, КДФ “ХМК” мавзеи Кангурт, КДФ “ХМК” н.Ҷ. Балхӣ, КДФ “ХМК” н. Муминобод, КДФ “ХМК” н. Балҷувон, КДФ “ХМК” ш. Ҳисор, КДФ “ХМК” ш. Панҷакент, КДФ “ХМК” ш. Исфара ва КДФ “ХМК” н. Рушон. “Ифтихорнома” эълон карда шуд.

            Сардори шуъбаи кадрҳо ва масъалаҳои ҳуқуқӣ Тағаймуродова Б., - вазифадор карда шуд, ки барои пурра иҷро накардани нақшаҳои молиявию иқтисодии ҷамъбастии нимсолаи якуми соли 2022, саривақт иҷро накардани супоришу фармонҳои КВД “ХМК”, роҳ додан ба зиёд шудани қарзҳои дебиторию кредиторӣ, Директорони корхонаҳои тобеи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ: КДФ “ХМК” н. Қубодиён, КДФ “ХМК” н. Тоҷикобод, КДФ “ХМК” н. Шаҳритус, КДФ “ХМК” н. Н. Хусрав инчунин КДФ “О ва К”-и н. Шаҳритус, КДФ “О ва К”-и н. Ҷайҳун, КДФ “О ва К”-и н. Нуробод, КДФ “О ва К”-и н. Зафаробод, КДФ “О ва К”-и н. Ш. Шоҳин ва КДФ “О ва К”-и н. Қубодиён мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбаташон муҷозот пешниҳод карда шавад.

Барои ислоҳи камбудиҳои ҳалталаби мавҷудаи дахлдор Директорон ва сардорони корхонаҳои КДФ “О ва К”-и н. Ҷайҳун, КДФ “О ва К”-и                      н. Шаҳритус, КДФ “О ва К”-и н. Зафаробод, инчунин тамоми корхонаҳои тобеъ вазифадор карда шудаанд, ки ҷиҳати бартараф намудани қарзҳои дебиторию кредиторӣ, шартномаи байниҳамдигарӣ 8%, ќарзњои музди меҳнат, барқ, андоз, қарзҳои солҳои гузашта бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаашон, зиёд намудани ҳудуди хизматрасонї, ҷиддӣ чораҷӯӣ намоянд. Инчунин Директори генералӣ ба директорони намояндагиҳо ва директорону сардорони корхонаҳои тобеъ супориш дода шуд, ки ташкилотҳои буҷетӣ, ки дар шаҳру ноҳияҳо фаъолият мекунанд ва қарзҳои байни корхонаҳои тобеъро пардохт намекунанд, ба тариқи хаттӣ ба Прокуратураи генералӣ оиди пардохти қарзҳо мактуб ирсол намоянд. Масъулон директорони намояндагиҳо, сардори шуъбаи иқтисоди Корхона, сардори шуъбаи баҳисобгирии муҳосибавӣ ва сиёсати молиявӣ, директорони корхонаҳои тобеъ аз натиҷаи корҳои ба анҷом расонидаашон ба тариқи хаттӣ ба Директори генералӣ маълумоти дахлдор пешниҳод намоянд.

Ба директорони КДФ О ва К - и шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати бартараф намудани мушкилотҳои ҳалталаби ҷойдошта, аз он ҷумла: зиёд намудани ҷамъоварии маблағи ҳаққи хизматрасонӣ ва саривақт пардохт намудани қарзҳои мавҷуда, ҷиҳати бартараф намудани қарзҳои дебиторию кредиторӣ, шартномаи байниҳамдигарӣ 8%, ќарзњои музди меҳнат, барқ, андоз, зиёд намудани ҳудуди хизматрасонї тартибдодани санадҳои муқоисавӣ бо ташкилотҳои буҷетӣ ва соҳибкорон ҳамкорӣ намуда, дар ин раванд бо корхонаҳои буҷетӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Аз ҷониби Директори генералӣ ба ҳамаи директорони корхонаҳои тобеи КВД “ХМК” супориш дода шуд, ки барои бозҳам хубтару беҳтар гардонидани симои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ заминҳои барои гармхонаҳо ҷудогардидаро самаранок истифода намуда, барои таъмин намудани обёрӣ чораҷӯӣ намоянд.

Дар рафти ҷаласа Директори генералӣ ба саҳми ҳамаи директорон ва сардорони корхонаҳои тобеъ расонид, ки яке аз масъалаҳои ҳалталаби соҳа ин ба пурраги таъмин набудани соҳаи мазкур бо техникаҳои коммуналӣ мебошад, дар ин раванд Корхона дар доираи лоиҳаҳои дар самти мазкур омодагардида бо Ташкилоти байналмилалии JICA – и Ҷопон ҳамкорӣ намуда истодааст, ки дар оянда ин мушкилоти соҳа ҳалли худро хоҳад ёфт. Инчунин қайд намудаанд, ки дар нимсолаи аввали соли 2022 аз ҳисоби маблағҳои худии Корхона ба корхонаҳои тобеъ техникаҳои лозима харидори карда, супорида шуд.

Дар рафти ҷаласа аз ҷониби Директори генералӣ ба директорони намояндагиҳо, инчунин ҳамаи директорон ва сардорони корхонаҳои тобеъ супориш дода шуд, ки ҷиҳати қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷҷикистон №53 аз 27.02.2022 “Дар бораи Барномаи рушди хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024” корбари намуда маблағҳои дар самти коммуналӣ ҷудогардидаро аз мақомоҳои иҷроия ҳокимияти давлатӣ талаб намоянд. Абдуллоев Н. – сардори шуъбаи иқтисод оиди масъалаи мазкур вобаста карда шуд. Инчунин Директори генералӣ қайд намудаанд, ки дар ҳолати дастгири наёфтани қарори мазкур дар дилхоҳ шаҳру ноҳия директорони корхонаҳои тобеъ ба тариқи хаттӣ оиди масъалаи мазкур ба роҳбарияти Корхона ба тариқи хаттӣ муроҷиат намоянд.

Дар рафти ҷаласаи мазкур сухани навбати ба директори намояндагӣ дар вилояти Суғд Достиев А., дода шуд. Номбурда қайд намудананд, ки таҳлилҳое, ки аз ҷониби гурӯҳи кории намояндагӣ дар вилояти Суғд дар КДФ “ХМК”-и н. Истаравшан гузаронида шуд камбудиҳои зиёде ошкор намудаанд, ки аз ҳама асосии онҳо шартномабандӣ бо аҳолӣ ва ҳудуди хизматрасонӣ ва ҷамъоварии ҳаққи хизматрасонӣ ба талабот ҷавобгу нест. Бо дарназардошти гуфтаҳои болозикр директори корхонаи мазкур барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта аз ҷониби Директори генералӣ то08.08.2022 дода шуд.

Ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдоштае, ки аз ҷониби гуруҳи кории намояндагӣ дар вилояти Суғд, ошкор гардидаанд аз ҷумла: ба тартиб даровардани шартномабандиҳо бо аҳолӣ, зиёд намудани ҳудуди хизматрасонӣ ба директорони корхонаҳои тобеъ аз ҷониби Директори генералӣ муҳлати муайян дода шуд.

Барои ислоҳи камбудиҳои ҳалталаби мавҷудаи дахлдор Директорони корхонаҳои КДФ “ХМК”-и н. Шаҳритус, КДФ “ХМК”-и н. Қубодиён,          инчунин тамоми корхонаҳои тобеъ вазифадор карда шудаанд, ки ҷиҳати бартараф намудани қарзҳои дебиторию кредиторӣ, шартномаи байниҳамдигарӣ 8%, ќарзњои музди меҳнат, барқ, андоз, қарзҳои ташкилотҳои буҷетӣ, зиёд намудани ҳудуди хизматрасонї ва нақшаҳо ҷиддӣ чораҷӯӣ намуда, аз натиҷаи он ба тариқи хаттӣ ба Директори генералӣ маълумотҳои дахлдорро пешниҳод намоянд.

Баъдан сухани навбати ба намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирзода М., дода шуд. Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сухан баромада қайд намуд, ки ки ҷиҳати қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷҷикистон №53 аз 27.02.2022 “Дар бораи Барномаи рушди хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024” аҳли кормандони соҳа хусусан директорони намояндагиҳо, директорони корхонаҳои тобеъ барои дастрас гардидани маблағҳои ҷудогардидаи соҳаи коммуналӣ бо Вазорати молия ва сохторҳои дахлдор корбарӣ намоянд. Ин чунин ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №305 аз 01.07.2022 “Дар бораи ҷашн гирифтани 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” – ро сармашқи кори худ намуда, барои ободу гшулгулшукуфон намудани ватани азизамон саҳм гузор бошед.

Инчунин қайд намуд, ки корхонаҳои тобеи КВД “ХМК” оид ба қарзҳои шарикони рушд бо масъулият бошанд ва марҳила ба марҳила ҷиҳати иҷрои онҳо чораҳои зарурӣ андешида, оиди маблағҳое, ки дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷҷикистон №53 аз 27.02.2022 ҷудо гардидаанд, банд ба банд корбарӣ намоянд.

Дар рафти ҷаласа аз ҷониби намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳли кормандон супоришҳои зерин дода шуд. Аз он ҷумла:

-          таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вобастабуда бозҳам хубтар ба роҳ монда шавад;

-          тақвият додани корҳои ободонӣ ва гулу дарахтшинонӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;

-          оид ба ташкил намудани хоҷагиҳои ёрирасон ва гармхонаҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шавад;

-          барои бозҳам гул – гулшукуфо ва ободу зебо гардидани ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба монанди шаҳри Душанбе тадбирҳои зарурӣ андешида шавад;

-          оид ба ҷудо намудани маблағҳои буҷети аз мақомотҳои иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мактуб омода ва пешниҳод карда шавад.

-          ҷиҳати супоридани қарзҳои БАТР ва кам намудани қарзҳои дебиторӣ ва кредиторӣ дар доираи имкониятҳои ҷойдоштаи корхонаҳо корбарӣ намоянд.

-          оиди саривақт ҷавоб гардонидани супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.

     Дар охири ҷаласа Директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Давлатзода У. Г., диққати роҳбарони корхонаҳои тобеъро ба иҷрои Амру фармонҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону супоришҳои КВД «ХМК» ҷалб намуда, директорони корхонаҳои тобеи КВД «ХМК» воқеъ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро барои дар сатҳи хотирмон ҷашн гирифтани 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳо дода шуд.


Возврат к списку