Корхонаи Воҳиди Давлатии
"ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛӢ"
+(992) 372 334983
Тамос бо мо
Русский (RU) Тоҷикӣ (TJ)

Ободии Ватан аз ободии коргоҳу хонаи мо сар мешавад!

03.09.2022

Ободии Ватан аз ободии коргоҳу хонаи мо сар мешавад!


Баҳри сазовор ҷашн гирифтани 31 солагии истиқлолияти Давлатии кишвари азизамон имруз дар Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" бо иштироки коллективи Корхона шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.
Дар шанбегии дастаҷамҷона аҳли кормандони Корхона бо ҳисси баланди Ватандустӣ, баҳри ободу зебо намудани гирду атрофи Корхона заҳмат кашиданд.
Дар боғи назди Корхона, ки иборат аз дарахтони зебову сояафкан ва мевадиҳанда мебошад корҳои ободонӣ баргузор карда шуд.
Инчунин дар боғи мавҷуда ва саҳни ҳавлии Корхона гулҳои мавсимии зебо шинонида шуданд, ки ба зебогии боғи назди Корхона зебогии дигаре зам намуданд.
Аҳли кормандон тасмим гирифтаанд, ки баҳри боз ҳам зебо намудани гушае аз қалби Тоҷикистони азиз мунтазам ҳашарҳои дастаҷамъона ташкил намоянд.

20220901_090211.jpg


20220901_090249.jpg


20220901_092101.jpg


20220901_095650.jpg



Возврат к списку