Корхонаи Воҳиди Давлатии
"ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛӢ"
+(992) 372 334983
Тамос бо мо
Русский (RU) Тоҷикӣ (TJ)

Новости компании

RSS

Ҷамъбасти се моҳаи якуми соли 2022

15.04.2022
|
Comments off
|

Ҷамъбасти фаъолияти иқтисодию молиявии

корхонаҳои тобеи КВД «ХМК» дар семоҳаи якуми соли 2022

ва нақшаҳо барои семоҳаи дуюми соли 2022

Имруз дар маҷлисгоҳи Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти иқтисодию молиявии корхонаҳои тобеи КВД «ХМК» дар семоҳаи якуми соли 2022 ва нақшаҳо барои семоҳаи дуюми соли 2022 баргузор гардид.

Ҷаласаро Директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Давлатзода Усмон Гул ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд ва онҳоро ба рӯзаи моҳи шарифи Рамазон табрик гуфт.

Сипас, муовини якуми Директори генералии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” Ғафорзода Ҷ. М., дар бораи фаъолияти иқтисодию молиявии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” дар давраи ҳисоботӣ ва мушкилиҳои дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҷойдошта ва ҳалли онҳо баромад намуд (замима мегардад).

Директори генералӣ Давлатзода У. Г., ба таҳлили фаъолияти корхонаҳои тобеъ шурӯъ намуда ба роҳбарони корхонаҳои тобеъ супоришҳои қатъӣ дода шуд:

Дар рафти ҷаласаи мазкур Директори генералӣ оид ба иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шартномаҳои уҳдадориҳои қарзии БАТР суханрони намуда, аз ҷониби ӯ вобаста ба масъалаҳои ҳалталаби мазкур ба роҳбарони корхонаҳои тобеъ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ супоришҳои қатъӣ дода шуд.

1. Барои ислоҳи камбудиҳои ҳалталаби мавҷудаи дахлдор Директорон ва сардорони корхонаҳои КДФ О ва К-и шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, КДФ “О ва К”-и ш. Кӯлоб, КДФ “О ва К”-и ш. Бохтар, КДФ “О ва К”-и ш. Истаравшан, ин чунин тамоми корхонаҳои тобеъ вазифадор карда шудаанд, ки ҷиҳати бартараф намудани қарзҳои дебиторию кредиторӣ, шартномаи байниҳамдигарӣ 8%, қарзҳои музди меҳнат, барқ, андоз, қарзҳои ташкилотҳои буҷетӣ, зиёд намудани ҳудуди хизматрасонӣ, қарзҳои солҳои гузашта бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаашон ва нақшаҳо ҷиддӣ чораҷӯӣ намуда, аз натиҷаи он ба тариқи хаттӣ ба Директори генералӣ маълумоти дахлдор пешниҳод намоянд.

2. Аз ҷониби Директори генералӣ ба ҳамаи директорони корхонаҳои тобеи КДФ “ХМК” ва КДФ “О ва К” супориш дода шуд, ки барои бозҳам хубтару беҳтар гардонидани симои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ заминҳои барои гармхонаҳо ҷудогардидаро самаранок истифода намуда, барои таъмин намудани обёрӣ чораҷӯӣ намоянд.

3. Дар рафти ҷаласа Директори генералӣ ба саҳми ҳамаи директорон ва сардорони корхонаҳои тобеъ расонид, ки яке аз масъалаҳои ҳалталаби соҳа ин ба пуррагӣ таъмин набудани соҳаи мазкур бо техникаҳои коммуналӣ мебошад, дар ин раванд Корхона дар доираи лоиҳаҳои дар самти мазкур омодагардида бо Ташкилоти байналмилалии JICA – и Ҷопон ҳамкорӣ намуда истодааст, ки дар оянда ин мушкилоти соҳа ҳалли худро хоҳад ёфт.

4. Ба директорони корхонаҳои тобеъ, ки қарздории Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушдро доранд супориш дода шуд, ки барои ҳарчи зудтар бартараф намудани онҳо ҳудуди хизматрасониро зиёд намуда, аз корхонаҳои буҷетӣ ҷамъовариро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.

5. Ба директорони КДФ “О ва К”-и н. Фархор ва КДФ “О ва К”-и н. Ёвон, КДФ “О ва К”-и н. Ҷ. Балхӣ (сармуҳосиб), КДФ “О ва К”-и н. Ҷайҳун, КДФ “О ва К”-и н. Шаҳритус, КДФ “О ва К”-и н. Зафаробод, КДФ “О ва К”-и н. Деваштич, КДФ “О ва К”-и н. Шаҳристон супориш дода шуд, ки аз корхонаҳои буҷетӣ ҷамъовариро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, ҷиҳати пардохти қарзҳои ҷойдоштаи корхонаҳои мазкур дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ва аз рӯи нақшаҳои молиявии худ чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

6. Дар рафти ҷаласа аз ҷониби Директори генералӣ ба ҳамаи директорон ва сардорони корхонаҳои тобеъ супориш дода шуд, ки ҷиҳати даъват намудани мутахассисони соҳавӣ ба кор, инчунин оид ба рафтор ва муомилаи назоратчиён бо шаҳрвандон диққати ҷидди зоҳир намуда, барои корҳои ободонии корхонаҳои мазкур дар доираҳои имкониятҳои ҷойдошта чораҷӯӣ намоянд.

7. Раҷабов Ҳ. - директори “Маркази таълимию методӣ оид ба ислоҳи ХМК” дар якҷоягӣ бо директорон ва сардорони корхонаҳои обтаъминкунӣ вазифадор карда шудаанд, ки дар тамоми қитъаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсияи обанборҳои корхонаҳои тобеъ, ки ба тариқи муҳаррик фаъолият менамояд, маълумотҳои зарурӣ оид ба муҳаррикашон дар даромадгоҳи обанборҳо насб намоянд.

- инчунин барои бозҳам хубтару беҳтар гардидани соҳаи мазкур кормандони ҳайати хизматрасонӣ корхонаҳои тобеъ аз курсҳои бозомӯзии кутоҳмудати “Маркази таълимию методӣ оид ба ислоҳи ХМК” барои бо системаҳои нави обтаъминкунӣ кор кардан гузаронида шаванд (хусусан КДФ О ва К-и ш. Ёвон ва КДФ О ва К-и н. Ҷ. Балхӣ).

8. Шарифов Ҷ. - сардори МД “Сарраёсати Тоҷикобдеҳот” дар якҷоягӣ бо сардорони корхонаҳои зертобеи он супориш дода шуд, ки ҷиҳати пардохт намудани қарзҳои андоз ва музди меҳнати кормандон, инчунин ҷиҳати камнамудани маблағҳои хароҷоти қисми хоҷагӣ чораҳои заруриро дар корхонаҳои мазкур роҳандозӣ намоянд.

9. Инчунин, ҷиҳати зудтар ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дар бинои марказии МД “Сарраёсати Тоҷикобдеҳот” чораҳои зарурӣ андешида шавад.

10.Ҷобиров А. – директори КДФ “Идораи махсусгардонидашудаи механизатсия” – и КВД “ХМК” вазифадор карда шуд, ки ҷиҳати таъмин намудани корхонаҳои тобеъ бо ашёҳои дар анбор ҷойдошта ва хокаи хлор дар асоси дархостҳои ирсол намудаашон мусоидат намояд.

11. Исмоилов Т. – и\в сардори Шуъбаи обтаъминкунӣ, канализатсия ва энергетикӣ вазифадор карда шуд, ки ба Корхонаҳои давлатии “О ва К” – и тобеъ сафари корӣ анҷом дода, оид ба талафоти об ва иҷро нагардидани уҳдадориҳои қарзии корхонаҳои мазкур таҳлилҳои дуруст гузаронида, аз натиҷааш ба Директори генералӣ маълумотҳои заруриро ба тариқи хаттӣ пешниҳод намояд.

12. Нуров Ҳ. - Директори КДФ О ва К-и шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва сардорони қитъаҳои обтаъминкунии ш. Ҳисор, н. Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода супориш дода шудаанд, ки ҷиҳати пардохт намудани уҳдадориҳои қарзӣ аз рӯи нақшаҳо то нимсолаи соли ҷорӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

13. Назарализода Р. - Директори КДФ О ва К-и минтақаи 1 вилояти Суғд дар якҷоягӣ супориш додашудаанд, ки оид ба пардохт намудани уҳдадориҳои қарзӣ аз руи нақшаҳои молиявӣ ҳарчи зудтар чораҷӯи намоянд.

14. Абдуллоев Н. – сардори шуъбаи иқтисод, Хоҷаев А. - сардори Шуъбаи истифодабарии хоҷагии манзилию коммуналӣ, гармидиҳӣ ва механикӣ дар якҷоягӣ бо директорони корхонаҳои тобеъ супориш дода шуданд, ки дар бораи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи рушди хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2024” аз 27.02.2021, №53 ҷиҳати иҷроиши он корбариро бозҳам хубтар ба роҳ монанд.

15. Ғафорзода Ҷ. М. - Муовини якуми Директори генералӣ дар якҷоягӣ бо директори КДФ “ХМК” – и н. Шаҳиритус вазифадор карда шуданд, ки масъалаи кашонидан ва партофтани партовҳои сахти маишии ноҳияи мазкур дар як ҷои муайян бо Раиси ноҳия мувофиқа карда шавад.

16. Директори КДФ “ХМК” – и н. Восеъ вазифадор карда шуд, ки барои дар сатҳи талаботи ба роҳ мондани фаъолияти соҳаи мазкур дар ҳудуди ноҳия чораҳои зуруриро роҳандозӣ намояд.

17. Директори КДФ “ХМК” – и н. Данғара вазифадор карда шуд, ки ҷиҳати ободу кабудизоркунӣ ва тозагии маркази ноҳия ҳамарӯза назорати ҷиддиро ба роҳ монад.

18. Ба ҳамаи директорони корхонаҳои тобеъ супориш дода шуд, ки ҷиҳати бартараф намудани мушкилотҳои ҳалталаби ҷойдошта, аз он ҷумла: зиёд намудани ҷамъоварии маблағи ҳаққи хизматрасонӣ ва саривақт пардохт намудани қарзҳои мавҷуда, ҷиҳати бартараф намудани қарзҳои дебиторию кредиторӣ, шартномаи байниҳамдигарӣ 8%, қарзҳои музди меҳнат, барқ, андоз, зиёд намудани ҳудуди хизматрасонӣ тартибдодани санадҳои муқоисавӣ бо ташкилотҳои буҷетӣ ва соҳибкорон ҳамкорӣ намуда, дар ин раванд бо корхонаҳои буҷетӣ, инчунин ҷиҳати пардохт намудани қарзҳои “Маркази таълимию методӣ оид ба ислоҳи ХМК” чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

19.Барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва дар сатҳи зарурӣ иҷро намудани нишондиҳандаҳои молиявӣ дар назди Корхона ва БАТР, инчунин иҷрои саривақии дастуру супоришҳои Роҳбарияти КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ба як қатор директорони корхонаҳои тобеъ “Ифтихорнома” дода шуд.

20. Тағаймуродова Б. - сардори Шуъбаи кадрҳо ва масъалаҳои ҳуқуқӣ вазифадор карда шуд, ки ҷиҳати бартараф накардани қарзҳои дебиторию кредиторӣ, шартномаи байниҳамдигарӣ 8 %, қарзҳои музди меҳнат, барқ, андоз, қарзҳои ташкилотҳои буҷетӣ аз ҷумла: Директорони КДФ “О ва К” – и н. Шаҳристон, н. Зафаробод, н. Деваштич, н. Фархор ва КДФ “ХМК” – и н. Қабодиён, н. Ҷайҳун ва н. Шаҳритус мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбаташон чораҳои муҷозотии навбатӣ “Сарзаниш” пешниҳод карда шаванд.

Инчунин қайд намуд, ки корхонаҳои тобеи КВД “ХМК” оид ба қарзҳои шарикони рушд бо масъулият бошанд ва марҳила ба марҳила ҷиҳати иҷрои онҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар рафти ҷаласа аз ҷониби Директори генералӣ ба аҳли кормандон супоришҳои зерин дода шуд. Аз он ҷумла:

таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вобастабуда бозҳам хубтар ба роҳ монда шавад;

тақвият додани корҳои ободонӣ ва гулу дарахтшинонӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;

оид ба ташкил намудани хоҷагиҳои ёрирасон ва гармхонаҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шавад;

барои бозҳам гул – гулшукуфо ва ободу зебо гардидани ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба монанди шаҳри Душанбе тадбирҳои зарурӣ андешида шавад;

оид ба масъалаи ташкил намудани гармхонаҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ директорони КДФ “ХМК” вазифадор карда шудаанд.

оид ба ҷудо намудани маблағҳои буҷети аз мақомотҳои иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мактуб омода ва пешниҳод карда шавад.

ҷиҳати супоридани қарзҳои БАТР ва кам намудани қарзҳои дебиторӣ ва кредиторӣ дар доираи имкониятҳои ҷойдоштаи корхонаҳо корбарӣ намоянд.

Дар охири ҷаласа Директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Давлатзода У. Г., диққати роҳбарони корхонаҳои тобеъро ба иҷрои Амру фармонҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону супоришҳои КВД «ХМК» ҷалб намуда, барои боз ҳам дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти корӣ ба директорони корхонаҳои тобеи КВД «ХМК» воқеъ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳури супоришҳо дода шуд.

Бо ҳамин ҷаласаи навбатӣ ба анҷом расид.

[…]

Нишасти матбуотӣ

11.02.2022
|
Comments off
|

Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-сентябри соли 2011 №АП-1729 ва супориши Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 январи соли 2022 дар мувофиқа бо АМИТ “Ховар” имруз соати 11:00 нишасти матбуотиро дар бинои маъмурии Корхона воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Қарабоев, 56 бо иштироки Директори генералӣ, муовинон, сардорони Раёсатҳои корхона ва директорони корхонаҳои тобеъ баргузор намуд.

Дар нишасти матбуотӣ, ки ба фаъолияти иқтисодию молиявии корхонаҳои тобеи КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”дар соли 2021 ва нақшаҳо барои семоҳаи якуми соли 2022 бахшида шуда буд, намояндагони ВАО-и даъватшуда ширкат намуданд.

Дар нишасти доирнамудаи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» намояндагони васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ аз ҷумлаи «Муассисаи давлатии Телевизиони Сафина», “Телевизиони Душанбе”, Радиои Тоҷикистон, Садои Душанбе, Радиои Ховар, Рўзномаву ҳафтаномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», “Народная газета”, Ҷавонони Тоҷикистон”, “Бонувони Тоҷикистон”, Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», “Азия плюс”, ва ғайраҳо иштирок намуданд.

Ба намояндагони ВАО-и иштирокдошта раҳнамои матбуот (пресс-релиз) бо ду забон, ки ҳама паҳлӯҳои фаъолияти корхонаро дар давраи ҳисоботӣ фаро мегирифт, дастрас карда шуд.

Дар оғози чорабинӣ Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” Давлатзода У. Г. рӯзноманигоронро ба нишасти матбуотии Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” хайрамақдам гуфт.

Мавсуф аз фурсати муносиб истифода бурда миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боварӣ ба ин вазифаи масъулиятнок изҳор намуд.

Сипас дар байни намояндагони ВАО ва кормандони Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” табодули афкор сурат гирифт, ки ба ҳамаи саволҳои додашуда, намояндагони ВАО посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли сипаригардида кормандони корхонаҳои тобеи Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», воқеъ дар шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ ба истифодабарандагон ба маблағи 196 млн. 627,1 ҳазор сомонӣ хизматҳои гуногуни коммуналӣ расониданд, ки нисбат ба соли 2020 14 млн 760 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он 108 фоизро ташкил медиҳад.

Дар нишаст зикр шуд, ки айни замон бо ҷалби сармояи институтҳои молиявии ҷаҳонӣ дар назди КВД  «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» се лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ: Лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон–1», Лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон-2»  ва  Лоиҳаи  «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои Хатлон» амалӣ шуда истодаанд, ки соли ҷорӣ анҷоми пурраи онҳо дар назар аст. Инчунин Дар соли ҷорӣ Лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кулоб” самаранок эълон гардида, татбиқи он оғоз ёфт.

Иттилоъ дода шуд, ки нархномаи хизматрасонӣ дар асоси фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.08.2018 аз 1 октябри соли 2018 дар амал ҷорӣ шуда, то ҳол тибқи он иҷро карда мешавад. Ҳоло барои тағйир додани ин нархнома аз ҷониби корхона пешниҳод нашудааст ва он имсол низ дар назар нест.

                                                                             

[…]

Маҷлиси ҳизбӣ

09.02.2022
|
Comments off
|

Имрӯз дар маҷлисгоҳи Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» бо иштироки Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” Усмон Давлатзода, муовини якуми директори генералӣ Ҷурахон Ғаффорзода, муовини директори генералӣ Хуршед Ҷабборзода ва раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар кори маҷлиси ҳизбӣ раис ва муовини раиси ташкилоти ҳизбии “Манзил” бинобар сабаби иваз намудани ҷойи кор бозхонд гардида, Усмон Давлатзода – раиси ташкилоти ибтидоӣ ва Хуршед Ҷабборзода – муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ бо ҷонибдории аъзои ташкилоти ҳизбӣ аз сари нав интихоб гардиданд.

Таъкид гардид, ки вобаста ба ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда аъзои ҳизбро зарур аст, ки фаъолияти худро бозбинӣ намуда, дар муборизаҳои иттилоотӣ баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ пешқадаму фаъол бошанд.

Зикр шуд, ки обрӯ ва нуфузи ҲХДТ дар ҷомеаи кишвар ва берун аз он бо хизматҳои хастагинопазири Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам аст.

Дар маҷлис А. Шоҳиён оид ба нақши аҳзоби сиёсии кишвар дар ташаккули давлатдории навини Тоҷикистон, хусусан нақши аъзо ва ҷонибдорони ҳизби мазкур дар рушду пешрафти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати мусоидат дар ҳалли мушкилоти мардум ибрози андеша намуд.

Дар идомаи маҷлис А. Шоҳиён вобаста ба соҳаҳои мухталифи кишвар, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат ироа гардида буданд шарҳу тавзеҳ дода, зикр намуд, ки дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуда, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт.

-Дар ин давра мо беш аз 2000 мегаватт иқтидорҳои энергетикии иловагӣ бунёд кардем. Дар натиҷа соли 2011 дар таърихи навини Тоҷикистон системаи ягонаи энергетикӣ ба вуҷуд оварда шуд ва устувории фаъолияти соҳа таъмин гардид. Дар бист соли охир ба кишвар беш аз 150 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 59 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шуда, барои рушди соҳаи саноати кишвар беш аз 35 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардид,-хотирасон шуд номбурда.

Мавсуф инчунин таъкид намуд, ки “вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозанд, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишвар диққати аввалиндараҷа диҳем.

[…]

Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи дӯстию рафоқат дар байни халқҳост!

24.11.2021
|
Comments off
|

Имрӯз дар Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” бахшида ба рӯзи парчами миллӣ ҷаласа баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” Табарзода Ҷамшед Афзал ҳозирин ва дар шахсияти онҳо тамоми мардуми заҳматкаши кишварро ба ин рузи баҳамории кулли сокинон муборакбод намуд.
Мавсуф иброз намуд, ки дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоб баргузор гардида, тақдири минбаъдаи миллату давлати тоҷиконро муайян намуд, самтҳои тараққиёти мамлакат муайян карда шуда, ба ҳамдигарфаҳмӣ, баҳамойӣ, дӯстиву рафоқати байни тарафҳои даргир дар Тоҷикистон асос гардид. Аз ин ҷиҳат Иҷлосияи мазкурро барои миллати тоҷик тақдирсоз номгузорӣ менамоянд.
Яке аз дастовардҳои дигари муҳими Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ – қабули рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амсоли Нишон ва Парчами миллӣ тасдиқ ва қабул карда шуданд.
Аз суханронии Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб бахшида ба Иҷлосияи тақдирсоз огоҳӣ доред, ки гуфта буд:
«муддати беш аз як соли мустақилияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби рамзҳои давлатӣ нашуда буд, дар ин давра мо на Нишон доштем, на Парчам доштем ва на Суруди миллӣ».
Рӯзи аввали қабул гардидани рамзҳои давлатӣ - муқаддасоти кишвар ва созмон додани нахустин Парчами миллӣ, рӯзи 19 ноябри соли 1992 маҳз бо ташаббуси Раиси онвақтаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳоло Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамаи роҳбарони тарафҳои даргир дар Қасри Арбоб гирд оварда шуданд. Дар зери Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарафҳои ба ҳам зид низ қасам ёд карданд, ки сулҳу амниятро дар ҷумҳурӣ дастгирӣ менамоянд.
Ҳамин тариқ, Парчами миллӣ дар роҳи таҳкими дӯстию бародарӣ, сулҳу субот дар кишвар ва якпорчагии Тоҷикистони азизамон нақши хеле арзишманд дорад, он омили сулҳофарии тоҷиконро боз ҳам такони бештар дода буд.
Бояд қайд намуд, ки дар раванди омода кардан ва пешниҳод намудани рамзҳои давлатӣ аз қабили Парчам ва Нишони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори вакилони мардумӣ, саҳми академикҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон, шоирону нависандагон ва зиёиёни тоҷик ҳам хеле бузург аст, гарчанде дар ҳалли ин масъала фикру ақидаҳо хеле мухталиф буданд. Ин омил сабаб дошт, зеро дар он замон ҳар як гурӯҳ мехост дар ин масъала «гапи худро гузаронад». Аммо, вакилони мардумӣ пас аз муҳокимарониҳои зиёди тӯлонӣ таҳти сарварии Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд дар ин масъалаи аз ҷиҳати моҳият хеле муҳим ба мувофиқа расанд.
Агар ба гузаштаи дури халқи тоҷик назар афканем, саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик собит месозанд, ки дар гузашта низ подшоҳону сарлашкарони мардуми тоҷик Парчами худро доштанд. Аз ҷумла, пас аз парчами Кова, ки дар таърих ҳамчун «дирафши Ковиёнӣ» ном бурда мешавад, шоҳ Фаридун дар давраи ҳукмронии худ соҳиби парчаме буд, ки он чаҳор гӯша дошта, чор ранг - сурх, сафед, зард, сабзро дар бар мегирифт ва дар маркази он уқобе ҷойгир шуда буд, ки дар чанголҳо ва болои сари он кураҳои даврашакли тиллоӣ ҷойгир буданд ва он бо сангҳои гаронбаҳо зебу зиннат дода шуда буд.
Дар ин давраҳо ҳар шоҳе, ки ба сари қудрат меомад, ба ин парчам сангҳои нави гаронбаҳоро ҷойгир мекард ва он ба дараҷае зебу оро дода шуда буд, ки ҳатто шабонгоҳон медурахшид.
Имрӯзҳо, пас аз гузаштани беш аз 30 соли Истиқлолияти давлатӣ, вақт собит намуд, ки рамзҳои давлатии дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулгардида ба тамоми талаботи милливу мазҳабии мардуми Тоҷикистон ҷавобгӯй аст ва дар арсаи байнал-миллалӣ ҳамчун парчами зеботарин эътироф шудааст.
Санаи 31 августи соли 2011 дар арафаи таҷлили ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Парчами давлатии Тоҷикистон бо бузургию ҳашамат, ки назираш дар дунё нест, дар паҳлӯи чапи Қасри миллат таҳти ҳамовозии
Суруди миллии Тоҷикистон, бо иштирок ва дар ҳузури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Парлумону ҳукумати кишвар ва сокинону меҳмонони бешумори пойтахт - шаҳри Душанбе ба баландии рекордӣ дар ҷаҳон - 165 метр бардошта шуд.
Хотиррасон бояд намуд, ки чанде пештар дар ҳамон сол дар паҳлӯи рости қасри миллат Нишони давлатии Тоҷикистон қомат афрохт, ки баландии он бо зерпояаш 45 метрро ташкил медиҳад. Парчами боҳашамати давлатии Тоҷикистон, ки 30 метр баландӣ ва 60 метр паҳно (дарозӣ) дорад, якҷо бо Нишони давлатӣ дар ду паҳлӯи қасри миллат ба маҷмааи биноҳои маъмурию фарҳангии кишвар дар маркази пойтахт ҳусну таровати тоза бахшидаанд.
Ҳар ҷо, ки парчами Тоҷикистон парафшон аст, он ҷо садои тоҷик ва ифтихори тоҷикӣ баръало мушоҳида мешавад. Қадр кардани рамзҳои давлатӣ баёнгари боз ҳам устувории ғояҳои миллии мост. Ин парчам парчами соҳибистиқлолии тоҷикон ё ба таври дигар Парчами давраи навини давлатдории тоҷикон аст.
Ҳазорсолаҳо касе фикр намекард, ки парчами тоҷикон миёни дигар кишварҳои олам парафшон гашта, аз минбарҳои баланди байналмилалӣ – Созмони милали муттаҳид мушоҳида мешавад.
Имрӯзҳо бо баракати соҳибистиқлолӣ, сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарафманди тоҷик парчами зебои мо ба ҷаҳониён шиносо шудааст.
Таманно мекунем, ки сулҳу осоиш дар Тоҷикистони азизамон ҳамеша мустақар ва Парчами миллӣ доимо баланду парфишон бошад ва мо ҳамагӣ барои ояндаи неку ҷовидонаи Ватани аҷдодии худ саъю талош ва кӯшиши беандоза намоем.
Имрӯзҳо садҳо нафар сокинони пойтахт ва меҳмонон аз тамоми ҷумҳурӣ ва берун аз он ба тамошои Парчами миллӣ меоянд, навхонадорон ба пояи он гулҳо меафшонанд, пиру барно онро нишони ободию озодии кишвари азизамон медонанду мехонанд.
Бигзор Парчами миллӣ ҳамчун рамзи дӯстию рафоқат дар байни халқҳо, меҳру муҳаббату садоқат ба ватан, сулҳу осоиши кишвар ва ободию рӯзгори созандаи мардуми фарҳангсолори тоҷик ҳамеша дар фазои озоди Тоҷикистони азизамон ҳамчун рамзи муқаддасоти миллӣ парафшон бошад!

[…]

Ҷашни рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ҳамватанони азиз!

16.11.2021
|
Comments off
|

Имрӯз дар маҷлисгоҳи Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" бо иштироки кормандон ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласа Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" Табарзода Ҷ. А. оид ба хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти маҳбубамон суханронӣ намуда, иброз намуданд:

Ҳозирини гиромӣ, Ҳамкорони азиз!

Қобили қайд аст, ки рӯзи 16 ноябр дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи Президент муайян карда шудааст.
Мансаби Президентӣ муқаррароти конститутсионӣ буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан ва лаҳзаи ба фаъолият шурӯъ намудани Президент муқаррар гардидааст.
Аз ҷумла, меъёрҳои моддаи 67-и Конститутсия пешбинӣ менамояд, ки Президент пеш аз шурӯъи вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад.
Аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд.
Мақсад аз рузи ид муайян кардани рузи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.
Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рузи 16 ноябр рузи Президент пазируфта шудааст.
Дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихиву барҷаставу номбардоре вомехуранд, ки онҳо дар марҳалаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳасос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обруву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон марди олиму оқилу фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш мутаҳҳид ва ба қалби онҳо шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд.
Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд.
Мусаллам аст, ки ташаккули давлатдории миллии мо ва эҳёи мақому манзалати он дар арсаи ҷаҳонӣ ба заҳмат ва талошҳои пайвастаи шахсияти таърихӣ ва Президенти мардумӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаи ногусастанӣ дорад.
Бидуни шак, хизмати бузурги Пешвои миллат барои Тоҷикистон, ин барқарор намудани сулҳу суботи комил ва таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад. Ӯ тавонист, ки дар солҳои аввали фаъолияти худ, масъулияти Конститутсионии хешро ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пуррагӣ иҷро намояд ва чун кафили амнияти давлат амал намояд.
Бояд гуфт, ки аз ҷиҳати таҳлили сиёсӣ яке аз омилҳои нарасидани кишварҳои ҷангзада имрӯзҳо ба сулҳу субот, ин вуҷуд надоштани ЛИДЕРИ СИЁСӢ дар ин ҷомеаҳо мебошад. Шахсияти барҷастае пайдо намешавад, ки мардум аз паси вай бираванд. Пешво ва сарваре пайдо намешавад, ки аксари шаҳрвандон ба суханонаш гӯш фаро диҳанд ва идеяҳои ӯро ҷонибдорӣ намоянд. Ҳанӯз ҳам дар ин кишварҳои ҷангзада фарде пайдо нашудааст, ки қудрати муттаҳид кардани халқро дошта бошад.
Мавриди зикр аст, ки дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон нақши фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст. Маҳз шахсияти Пешвои миллат буд, ки халқи тоҷик аз парокандагӣ наҷот ёфт ва то охирин гурезаи тоҷик ба ватан баргашт. Аз ин ҷост, ки хизматҳои бузурги ӯро миллат ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.
Сулҳи тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавони тоҷик умед ба ояндаи нек, хушбахтӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдати ногусастаниро зинда намуд. Имрӯз миллати тоҷик ифтихор аз он дорад, ки дар баробари дигар халқҳои олам ҳуқуқу овози баробар дошта, ҳувияти миллии хешро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд.
Ҳамкасбони азиз, аз номи худ ва аз номи аҳли кормандони КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” кулли мардуми кишвари азиз ва Шумо ҳамкасбони гиромиро бо рӯзи Президент самимона муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки мову Шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу сафо ва гулгулшукуфоии ҷовидонаро таманно менамоям.

Ба диқататон ташаккур!

[…]

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

05.11.2021
|
Comments off
|

Имрӯз 5 ноябри соли 2021 дар маҷлисгоҳи Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ҷаласаи ботантана ба муносибати рӯзи конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид!

Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди давлатдорӣ

Ҳамасола халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни фархундаи қабул гардидани Қонуни Асосӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсози худ - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо як ҷаҳон фараҳу шодӣ таҷлил мекунанд.

Ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикиашон ба муносибати Рӯзи Конститутсия қабули ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсозро яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлолияти миллӣ арзёбӣ карда, ба он ҳамчун танзимкунандаи тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ баҳои баланд додаанд: ва қайд намуданд, ки «Қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳимтарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештар мегардад».

Бояд қайд кард, ки Конститутсия ҳуҷҷатест, ки дар он иродаи мардум, равандҳо ва меъёрҳои асосии ташкили ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ муқаррар мегардад. Дар таърихи кишвари мо панҷ маротиба Конститутсия қабул гардидааст, ки ҳар яки он марҳалаи нави инкишофи давлат ва ҷомеаро муайян мекард. Қабули Конститутсия агар аз як тараф, дастоварди таърихӣ бошад, аз ҷониби дигар, татбиқи меъёрҳои он, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз конститутсияҳои қаблӣ фарқи куллӣ дорад. Арзишҳои ин ҳуҷҷати муҳим инъикосгари сиёсати инсондӯстонаю инсонпарварона ва эътирофу эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд будани он маҳсуб гардида, шаҳодати ин нуқта озодии баён, матбуот, виҷдон ва дин дар Тоҷикистон аст.

Конститутсия тартиботи асосии ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа буда, аз ҷиҳати мазмуни худ қонуни асосии мамлакат мебошад. Вай поягузори давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоии Тоҷикистон буда, системаи равандҳои асосии бунёди давлат дар боби аввали Конститутсия асосҳои сохтории он муқаррар шудааст. Он тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву идеологӣ ва соҳаи байналмилалиро дар бар мегирад.

Бояд гуфт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳоеро ба давлату миллати тоҷик дод, ки онҳо баҳри ташаккули давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона арзиши хосаеро доро мебошанд.

Дар таърихи мардуми мо нахустин маротиба дар Конститутсияи мазкур қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона аст ва танҳо халқ таҷассумкунандаи Истиқлолият ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатист. Тамоми корҳое, ки дар партави Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон анҷом дода шудаанд, танҳо ба хотири таҳкими пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлати Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва фаъолият барои шаҳрвандон ва мустаҳкам намудани Ваҳдати миллии тамоми сокинони Тоҷикистон анҷом дода шудаанд.

Имрӯз баъди сипарӣ гардидани 27 сол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимодамон қавї мегардад, ки роҳи пешгирифтаи Сарвари тоҷикон, кафолатбахши амнияту осоиши кулли халқу миллатҳои сокини сарзамини тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳроҳи эътимоду боварӣ, раҳнамунсози миллати соҳибтамаддуни тоҷик ҷониби қуллаҳои баланди Истиқлолияти давлатӣ, пешрафту созандагӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ ва худшиносию ҳуввияти миллӣ мебошад.

Аз ин рӯ, Конститутсия шоҳсутун, бахтномаи миллат ва тақдирсози имрӯзу фардои давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик маҳсуб ёфта, ҳифз ва риоя кардани он барои ҳар як фард қарзи шаҳрвандӣ буда ва мо мардуми ин сарзамин ба қадри истиқлолу озодии давлати мустақил, соҳибихтиёр, сулҳу субот ва оромиву осудагии ҷомеа бояд бирасем.  

Меҳмонон ва ҳамкорони гиромиқадр! Табрикоти самимонаи моро ба муносибати ҷашни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бипазиред. Аз фурсати муносиб истифода бурда, дар ин рӯзи муҳими таърихӣ Шумо ва дар симои Шумо ба тамоми хонаводаатон саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда, сарсабзиву хонаободӣ ва дар корҳои ояндаатон бурдбориҳоро таманно дорем.

Ба диқататон ташаккур!

[…]

Таъмини аҳолии шаҳраки Балх бо оби нӯшокии баландсифат

28.10.2021
|
Comments off
|

28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон хати оби нӯшокиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Хати оби нӯшокӣ дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Барқароркунии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои Хатлони Тоҷикистон” бунёд гардид.
Нахуст ба Сарвари давлат ҷараёни татбиқи Лоиҳаи “Барқароркунии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои Хатлони Тоҷикистон” муаррифӣ гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳа аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд амалӣ карда шудааст, ки маблағи умумии ба шаҳраки Балх равонагардида 5 миллиону 975 ҳазор доллари америкоиро ташкил медиҳад.
Бо татбиқи муваффақонаи лоиҳа, ки бо саъю талошҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, наздики 5000 хоҷагии маркази маъмурии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ-шаҳраки Балх, ё тақрибан 20 ҳазор нафар бо оби тозаи нӯшокӣ шабонарӯзӣ таъмин шуданд.
Дар доираи лоиҳа корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла 4 километр қубурҳои обпартои обу корез ва дар масофаи 5 километр хобонидани қубурҳои қутрашон гуногуни байникӯчагӣ анҷом дода шудаанд.
Бунёду сохтмони қубури асосии баландфишору худҷоришаванда, истгоҳи нави обтаъминкунӣ, барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунии мавҷудаю обанбор, барқарорсозии истгоҳи нассосӣ, таҷдиди коллекторҳои мавҷудаи канализатсионӣ дар шаҳраки Балх ва харидориву насби ҳисобкунакҳои об аз тадбирҳое мебошанд, ки дар доираи лоиҳаи “Барқароркунии системаи обтаъминкунии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ” иҷро гардиданд.
Сохтмони ташхисгоҳ, бинои насосҳои обкаши 1-ум ва 2-юми барориш, ҳавзҳои обтакшинкунанда, ҳавзҳои захиравии Корхонаи давлатии фаръии “Обтаъминкунӣ ва корезӣ”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ аз зумраи тадбирҳои анҷомёфта дар доираи лоиҳа мебошанд.
Тадбири мазкур дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал — “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” татбиқ шуда, мақсад аз он таъмини сокинони шаҳраки Балх бо оби нӯшокӣ мебошад.
Тазаккур дода шуд, ки дар доираи лоиҳа сохтмони бинои маъмурии Корхонаи давлатии фаръии “Обтаъминкунӣ ва корезӣ”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сомон ёфта, он комилан муҷаҳҳаз карда шуд.
Бунёди биноҳои ёрирасони корхона низ дар чаҳорчӯбаи амалишавии ҳамин тарҳ бо сифати хуб анҷом дода шудааст.
Инчунин дар доираи муҷаҳҳазгардонии корхона 1 адад автомашинаи асенизатсионӣ, мошини садамавӣ-техникӣ, экскаватор, автоманипулятор, автобус, компрессор, таҷҳизоти кафшергарию асфалтбурӣ ва ғайра дастрас гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки давоми амалишавии лоиҳа зиёда аз 100 нафар сохтмончию муҳандис ба кори мавсимӣ ҷалб шуданд. Бо ба анҷом расидани лоиҳа шумораи кормандони доимии корхона аз 22 ба 36 нафар расид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки масъалаи дастрасии пурраи аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ аз ҳадафҳои аслии роҳбарияти давлату Ҳукумат маҳсуб ёфта, ин раванд дар мамлакат тавассути татбиқи тарҳҳои сармоягузорӣ ва ҷалби маблағҳои ҷумҳуриявӣ марҳила ба марҳила амалӣ карда мешавад.

[…]

Ҷаласаи ҷамъбасти 9 моҳаи соли 2021

13.10.2021
|
Comments off
|

13-уми октябри соли ҷорӣ ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти иқтисодию молиявии корхонаҳои тобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар 9 моҳи соли 2021 ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2021 баргузор гардид.
Дар ҷаласаи навбатӣ намоянда аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини сардори раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирзода М. ва Раиси Кумитаи Ҷумҳуриявии Иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишии Тоҷикистон – Раҷабов У. иштирок намуданд.
Дар ҷаласа чор масъала: 1. Дар бораи фаъолияти иқтисодию молиявии корхонаҳои тобеи КВД «ХМК» дар 9 - моҳи соли 2021. 2. Таҳлили фаъолияти иқтисодию молиявии корхонаҳои тобеъ дар давраи ҳисоботӣ. 3. Оид ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-1365 аз 18 марти соли 2020, ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19). 4. Муҳокима намудани пешниҳодҳои Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд аз 22.09.2021, №3907. матраҳ гардиданд.
Ҷаласаро Директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»- Табарзода Ҷамшед Афзал ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа ва иштирокчиён шинос намуд.
Сипас сухан ба Муовини якуми Директори генералӣ Раҳимзода С., дода шуд. Муовини якуми Директори генералӣ дар бораи фаъолияти иқтисодию молиявии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар давраи ҳисоботӣ ва мушкилотҳои ҳалталаб дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ баромад намуд.
Баъд аз баромади Муовини якуми директори генералӣ Раҳимзода С., дар бораи фаъолияти корхона дар 9 моҳи соли 2021 Директори генералӣ Табарзода Ҷамшед Афзал ба таҳлили фаъолияти корхонаҳои тобеъ шурӯъ намуд.
Дар рафти ҷаласаи мазкур Директори генералӣ оид ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-1365, аз 18-уми марти соли 2020, ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19), инчунин оиди супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шартномаҳои уҳдадориҳои қарзии БАТР суханрони намуда, аз ҷониби ў вобаста ба масъалаҳои ҳалталаби мазкур ба роҳбарони корхонаҳои тобеъ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ супоришҳои қатъӣ дода шуд.
Барои ислоҳи камбудиҳои ҳалталаби мавҷудаи дахлдор Директорони корхонаҳои КДФ ниҳолпарварию кабудизоркунии ш. Бошхтар, КДФ “ХМК”-и н. Панҷ, КДФ “ХМК”-и н. Н. Хусрав, КДФ “Таъмиру истифодабарии шабакаҳои барқи ш. Кӯлоб, КДФ ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунии ш. Кӯлоб, КДФ “ХМК”-и н. Восеъ, КДФ “ХМК”-и ш. Гулистон, КДФ “ХМК”-и ш. Исфара, КДФ “ХМК”-и н. Рашт, КДФ “ХМК”-и н. Лахш вазифадор карда шудаанд, ки ҷиҳати бартараф намудани қарзҳои дебиторию кредиторӣ, шартномаи байниҳамдигарӣ 8%, ќарзњои музди меҳнат, барқ, андоз, қарзҳои ташкилотҳои буҷетӣ маводҳои аз корхона гирифташуда, зиёд намудани ҳудуди хизматрасонї ва ғайра ҷиддӣ чораҷӯӣ намуда, аз натиҷаи он ба тариқи хаттӣ ба Директори генералӣ маълумоти дахлдор пешниҳод намоянд.
Њамзамон, ба Нуров Ҳ., сардори Раёсати сиёсати молия ва иқтисод ва Абдуллоев Н., сардори шуъбаи иқтисод супориш дода шуд, ки оид ба фаъолияти Корхонаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсияи ноҳияи Шаҳритус таҳлили дуруст гузаронида, оид ба қарзҳои он нақшаҳои молиявӣ тартиб диҳанд ва аз натиҷааш ба Директори генералӣ маълумот пешниҳод намоянд.
Баъдан сухани навбати ба намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирзода М., дода шуд. Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сухан баромада қайд намуд, ки дар соҳаи мазкур корҳои зарурӣ ба анҷом расонида шуда, новобаста аз вазъи мушкилотҳои мавҷуда (хусусан COVID-19) дар соли 2021 ба миён омада ба кормандони соҳа ҷиҳати аҳамияти ҷидди зоҳир намудан вазифадор намуд, инчунин қайд карда шуд, ки дар миқёси ҷумҳурӣ дар 3 – соли охир бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии тоҷикистон 23 – ҳазор иншоотҳоро сохта ба истифода супоридаанд, ки саҳми КВД “ХМК” бо мувафақияту дастовардҳои назаррас дар соҳа бараъло дида мешавад.
Инчунин қайд намуд, ки корхонаҳои тобеи КВД “ХМК” оид ба қарзҳои шарикони рушд бо масъулият бошанд ва марҳила ба барҳила ҷиҳати иҷрои онҳо чораҳои зарурӣ андешанд.
Сипас намояндаи иттифоқи касаба Раҷабов Умед ба сухан баромада аҳли кормандони КВД “ХМК”-ро бо ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, қайд карданд, ки оид ба бастани шартномаҳои меҳнатӣ, ҳамкориро дар сатҳи хуб қарор диҳанд ва директорони корхонаҳоро оид ба риояи техникаи бехатарӣ ҷиҳати риояи талабот водор намуданд.
Инчунин як қатор кормандони Корхона бо ифтихорномаи Иттифоқи касаба сарфароз гардонида шудаанд.
Дар охири ҷаласа Директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Табарзода Ҷ. А., диққати роҳбарони корхонаҳои тобеъро ба иҷрои Амру фармонҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону супоришҳои КВД «ХМК» ҷалб намуда, директорони корхонаҳои тобеи КВД «ХМК» воқеъ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро барои дар сатҳи хотирмон ҷашнгирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои заҳматҳои софдилонаашон табрик ва таҳният гуфт.
Ҳамзамон, корхонаҳоро ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол вазифадор намуд, ки шинондани дарахтони ороишию ҳамешасабз ва гулу гулбуттаҳоро дар кӯчаву хиёбонҳо, майдону гулгаштҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба таври зарурӣ таъмин намоянд ва инчунин то ҷамъбасти соли ҷорӣ фаъолияти корияшонро ҷоннок намуда, дурнамои корхонаҳоро саривақт ва дар сатҳи талаботи иҷро намоянд.

[…]

Ба истифода додани хати оби нӯшокӣ дар ноҳияи Шаҳристон

29.07.2021
|
Comments off
|

29 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ноҳияи Шаҳристон хати оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд.
Ҳукумати мамлакат дар самти бунёду навсозии инфрасохтори оби нӯшокӣ лоиҳаҳои давлатии сармоягузориро амалӣ менамояд.
Хат ва иншооти оби нӯшокӣ дар ноҳияи Шаҳристон бо татбиқи лоиҳаи сармоягузории “Барқарорсозӣ ва сохтмони шабакаи хати оби нӯшокии шаҳраки Шаҳристон” бо харҷи 2 миллиону 400 ҳазор сомонӣ амалӣ гардида, аз тадбирҳои муҳими таъмини маркази ноҳияи Шаҳристон ва деҳоти атрофи он бо оби нӯшокии тоза мебошад.
Фармоишгари иншоот Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон” буда, лоиҳаи иншоот аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикгипроводхоз” тарҳрезӣ гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмону навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии хату иншооти оби нӯшокиро дар доираи татбиқи лоиҳа 60 нафар коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сохтмон”-и ноҳияи Мастчоҳ анҷом додаанд.
Дар доираи лоиҳа дар мавзеи “Сари имҷоз” 2 ҳавзи обҷамъкунӣ, ҳар кадоме бо ғунҷоиши 300 метримукааб об сохта, 2 ҳавзи обҷамъкунии мавҷуда бо ғунҷоиши 2000 метри мукааб об куллан таъмиру таҷдид карда шудаанд. Тавассути 2 иншооти обгирӣ, ки сохта шудаанд, оби зеризаминӣ бо усули ҷаббишу полоишӣ аз нуқтаи обгирӣ ба ҳавзҳои обҷамъкунии асосӣ расонда, аз он тавассути қубурҳои пластикии қутрашон 165-миллиметра ба масофаи 1 километру 670 метр ба ҳавзҳои обҷамъкунии мавзеи “Сари имҷоз” интиқол меёбад. Бо ин мақсад дар ҳудуди ҳавзи нави обҷамъкунии асосӣ пойгоҳи обкашӣ васлу насб гардидааст.
Дар натиҷа маҳали аҳолинишини нав, ки дар ин ҷо ба аҳолӣ қитъаҳои наздиҳавлигӣ тақсим шудааст, пурра бо оби нӯшокии тоза таъмин мегардад.
Дар маҷмӯъ, хатҳои оби нӯшокӣ бо истифодаи қубурҳои полиэтилении қутрашон аз 110 то 315-миллиметра ва қубурҳои оҳании қутрашон 200 ва 325-миллиметра дар масофаи беш аз 52 километр сохта, инфрасохтори меъёрии оби нӯшокӣ дар шаҳрак ва деҳоти Шаҳристон ба вуҷуд оварда шудааст. Ҳамчунин 513 адад ҷумакҳои обтақсимкунӣ сохта, таҷҳизоти муосири обченкунӣ васлу насб гардидааст. Бо бунёду навсозии хату иншооти оби нӯшокӣ ҳамзамон таъмини оби ошомиданӣ ба соҳаҳои хоҷагии халқ ва сокинони маркази ноҳия-шаҳраки Шаҳристон боэътимод мегардад. Бо татбиқи лоиҳаи иловагӣ ва сохтмони хатҳои обрасонӣ ба дарозии 30 километр сокинони деҳаҳои Ваҳдат ва Чашмасор ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ пайдо менамоянд.
То имрӯз бо татбиқи лоиҳа дар маркази ноҳия ва деҳоти атрофи он 10 ҳазор нафар бо оби нӯшокӣ таъмин гардид. Баъди анҷоми пурраи корҳои лоиҳа боз 11 ҳазор нафар, дар маҷмӯъ 21 ҳазор нафар сокинони ноҳияи Шаҳристон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ пайдо мекунанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозӣ ва сохтмони шабакаи оби нӯшокӣ дар шаҳраки Шаҳристон”-ро аз тадбирҳои муҳими таъмини хоҷагиҳо ва аҳолии минтақа бо оби тоза арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки чунин нақшаҳои бунёди инфрасохтори оби нӯшокӣ дар кулли шаҳру ноҳияҳо, хусусан деҳоти мамлакат дар асоси “Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025” ва дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал-“Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” амалӣ мешаванд.
Дар шароити тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, камобӣ, ки масъалаҳои ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ дар самти ҳифзу истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои обӣ, пеш аз ҳама,иқдому чорабиниҳоро амалӣ менамояд. Ҳамзамон бо мақсади ҳалли масъалаҳои иҷтимоии дастрасӣ ба оби нӯшокӣ ва таъмини солимии аҳолӣ тадбирҳои сохтмону навсозии хату иншооти оби нӯшокӣ бо татбиқи лоиҳаҳои давлатию сармоягузорӣ идома дода мешавад.

[…]

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон «Обанбори оби нӯшокии Офтобрӯя»-ро дар деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

17.06.2021
|
Comments off
|

17 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара “Обанбори оби нӯшокии Офтобрӯя”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо гардиш додани мурвати шоҳқубури асосӣ ба таъминоти аҳолии деҳаҳои Остона, Осмондара ва Оламафрӯз ба оби нӯшокӣ оғоз бахшиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки оби нӯшокӣ худҷорӣ буда, аз масофаи 1300 метр тавассути қубури полиэтилении қутраш 200 миллиметра ба обанбор интиқол меёбад. Бояд гуфт, ки лоиҳаи таъминоти оби нӯшокӣ дар ду марҳила амалӣ мешавад.

Марҳилаи аввал деҳаи Остонаро дар бар гирифта, аллакай пурра татбиқ гардид. Марҳилаи баъдӣ деҳаҳои Осмондара ва Оламафрӯзи ноҳияи Данғараро фаро мегирад, ки бо татбиқ шудани он сокинони деҳот бо оби тоза таъмин хоҳанд шуд. Дар маҷмуъ дар деҳаҳои Остона, Осмондара ва Оламафрӯз 8 ҳазору 470 сокин зиндагӣ мекунанд. Қаблан аҳолӣ аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ мекашид. Акнун, дар партави сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинон бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд. Дар доираи амалишавии марҳилаи аввали лоиҳаи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ аз “Обанбори оби нӯшокии Офтобрӯя” то деҳаи Остона 7 километр хати асосии оби худҷорӣ ва дар шафати кӯчаҳо, дохили бинову иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ ва варзишу хизматрасонии ҳудуди деҳа 3,5 километр хати оби тоза кашида шуда, дар умум масофаи хати оби нӯшокӣ 10,5 километрро ташкил медиҳад.

Маврид ба ёдоварист, ки иқдоми беназири Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи барномаҳои “Даҳсолаи байналмилалии амалиёти об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии 911 хоҷагӣ дар деҳоти кӯҳсори ноҳияи Данғара амалӣ карда шуд. Обанбор дорои биноҳои безараргардонӣ ва такшинкунонии оби нӯшокӣ буда, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ ва маводи зарурӣ таъмин мебошад. Иншоот дар масоҳати 0,8 гектар дар мавзеи хушбоду ҳаво бунёд гардидааст. Иқтидори ғунҷоиши об дар обанбор 500 мукааб буда, таъминоти об бо усули худҷорӣ ба минтақаи аҳолинишин интиқол меёбад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулони соҳаро вазифадор карданд, ки пайваста дар беҳтар гардонидани сатҳи обрасонӣ ба аҳолии деҳот тадбирҳои бетаъхир андешанд ва дар ин радиф корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба истифодаи сарфакоронаи об дар байни сокинон низ тақвият дода шавад.

Бояд тазаккур дод, ки “Обанбори оби нӯшокии Офтобрӯя” дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии Сарраёсати “Тоҷикобдеҳот” бунёд шуда, ба ин восита мушкилии чандинсолаи сокинони маҳаллаи Остонаи деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара дар самти таъминоти оби нӯшокӣ ҳалли худро ба пуррагӣ пайдо намуд.

Марҳила ба марҳила ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар мамлакат зери таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, тайи солҳои охир дар ин самт бо татбиқи барнома ва нақшаҳои ҳадафманд тадбирҳои муҳим бомаром амалӣ гардида истодааст. Дар баробари таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, ҳамчунин то обанбор ба масофаи 1200 метр роҳ мумфарш гардида, барои сокинони маҳаллаҳои атроф шароити арзандаи рафту омад фароҳам оварда шуд. Бо мақсади сабзу хуррамгардонӣ дар дохил ва беруни иншоот гулу буттаҳои рангоранги мавсимӣ ва дарахтони ҳамешасабзу сояафкан шинонда шудааст.

[…]

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон хатти оби нӯшокии деҳоти Боғпарвари ҷамоати Оқсуи ноҳияи Данғараро ба истифода доданд

16.06.2021
|
Comments off
|

16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи аввали Лоиҳаи хатти оби нӯшокии деҳоти Боғпарвари ҷамоати Оқсуи ноҳияи Данғараро мавриди истифода қарор доданд.

Дар деҳоти Боғпарвар Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тоб додани ҷумак ба фаъолияти марҳилаи аввали ин шабакаи обрасонӣ оғоз бахшиданд.

Дар марҳилаи аввали иншоот, ки дар доираи татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028” бо дастуру ҳидояти бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Корхонаи Воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” амалӣ шуд, 7 ҳазору 240 нафар аҳолии деҳаҳои Боғпарвар, Чаманистон ва Баҳори ноҳияи Данғара бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд.

Об аз канали калони дуюми Данғара тариқи насосҳои махсус аввал ба 2 ҳавзи ғунҷоишашон 250 метри мукааб ворид гардида, пас аз безараргардонӣ ба ҳавзи ғунҷоиши 500 метри мукааб интиқол ёфта, баъдан ба аҳолӣ тақсим мегардад.

Масофаи хатти оби нӯшокӣ 1 километру 400 метр буда, тариқи ду қубури обгузари қутрашон 160 миллиметр оварда шуд.

Дар марҳилаи аввал барои анҷоми корҳои сохтмонӣ, аз қабили бунёди чоҳҳои амудӣ, ҳавзҳои захираи об, васлу насби таҷҳизот ва қубурҳои қутрашон гуногун 3 миллиону 600 ҳазор сомонӣ харҷ шудааст.

Ҳамзамон барои фаъолияти муназзами ин шабакаи муосири обрасонӣ 1 адад трансформатори тавоноиаш 250 киловолт-ампер насб карда шуд.

Корҳои сохтмонии лоиҳаи мазкур моҳи феврали соли равон дар доираи эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” оғоз гардида, дар муҳлати муайяншуда бо сатҳу сифати баланд анҷом ёфт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу сифати корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати дар марҳилаи дуюм низ бо сифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва кашидани хатти оби нушокӣ дастуру маслиҳатҳо доданд.

Аз руи маълумоти масъулини Корхонаи Воҳиди Давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” дар марҳилаи дуюми лоиҳа тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат бо насби 2 насоси обкаш зиёда аз 9 ҳазору 300 нафар сокинни деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара бо оби ошомидании бо сифат таъмин хоҳанд гашт.

Барои татбиқи лоиҳаи хатти оби нӯшокии деҳоти Боғпарвари ҷамоати Оқсуи ноҳияи Данғара, ки дар маҷмуъ 2 марҳиларо дар бар мегирад, зиёда аз 555 миллион сомонӣ сарф карда мешавад ва дар солҳои наздик мушкилоти норасоии оби нӯшокӣ дар ҷамоати мазкур бартараф мегардад.

Айни замон дар ноҳияи Данғара барои сол то сол беҳтару хубтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дигар лоиҳаҳо низ мавриди татбиқ қарор доранд.

Бо татбиқи пурраи ин лоиҳа маҷмуан 2 ҳавзи калони захираи об ва дигар иншооти зарурӣ бунёд гардида, наздики 20 ҳазор сокинони маҳаллаҳои Оқсу бо оби тозаи нӯшокии аз лиҳози экологӣ тоза таъмин карда мешаванд.

Лозим ба таъкид аст, ки то инҷониб сокинони 3 деҳаи номбурда аз норасоии оби шомиданӣ танқисӣ мекашиданд ва акнун бо ташаббуси Сарвари давлат ин мушкилии онҳо роҳи ҳалли хешро пайдо намуд.

Ҳамзамон аз ҷониби Корхонаи Воҳиди Давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ба масофаи 1 километр роҳи деҳаи Боғпарвар мумфарш карда шуд.

Сокинони деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара иқдоми мазкурро тӯҳфаи арзишманди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ маънидод карданд.

[…]

КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» бо таҷҳизоти сайёри муайяннамоии сифати оби нӯшокӣ таъмин гардид

14.05.2021
|
Comments off
|

Имрӯз аз ҷониби Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон ба Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» 18 адад таҷҳизоти сайёри муайяннамоии сифати оби нӯшокӣ супорида шуданд.
Дар маросими супоридани таҷҳизот сардори Раёсати робитаҳои иқтисоди хориҷӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Абдуқодир Файзуллоев ва директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон Саломе Штайб сухан намуданд.
Сардори Раёсати робитаҳои иқтисоди хориҷӣ ва тадбиқи лоиҳаҳои сармоягузории КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Абдуқодир Файзуллоев гуфт, ки бо дархости КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронависи КОВИД-19, инчунин дигар бемориҳои сироятии ба воситаи оби нӯшокӣ гузаранда, ба хотири бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ имрӯз Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон 18 адад таҷҳизоти сайёри муайяннамоии сифати оби нӯшокиро тариқи ройгон супорид. Таҷҳизот ба маблағи зиёда аз 1 миллион сомонӣ аз ҷониби Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон харидорӣ шуда, ба корхонаҳои обтаъминкунии тобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», воқеъ дар шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ тақсим карда мешаванд.
Абдуқодир Файзуллоев иброз дошт, ки айни замон таъмини истеъмолкунандагон бо оби мутамаркази оби нӯшокӣ дар саросари кишвар аз ҷониби 80 корхонаи махсуси обтаъминкунӣ, ки тобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» мебошанд, амалӣ карда мешавад. Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» бо истифода аз имконот дар доираи «Барномаи беҳтар намудани аҳолии ҷумҳурӣ бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008-2021» ва дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028 тамоми тадбирҳоро андешида истода, аҳолии ҷумҳуриро бо оби тозаи нӯшокӣ дар ҳаҷми зарурӣ таъмин намояд. Аз фурсати муносиб истифода бурда, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» бори дигар ба Дафтари ҳамкории Швейтсария барои ҳамкории пурсамар дар барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва канализатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодагӣ ба ҳамкорӣ дар ин самт изҳори сипос менамояд.
Инчунин дар ҷамъомад зикр шуд, ки барои истифодаи дурусти таҷҳизот соли равон ба мутахассисони корхонаҳои тобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» бо маблағгузории Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Фонди Оғохон курсҳои омӯзишии дахлдор гузаронида шуд.
Дар маросими супоридани таҷҳизот директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон Саломе Штайб, муовини ӯ Ришар Шеневар, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Ҳакимзода, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Зуҳурзода ва намояндаи Агентии Оғохон дар Тоҷикистон иштирок доштанд.

[…]

Ҷамъбасти фаъолияти иқтисодию молиявии корхонаҳои тобеи КВД «ХМК» дар семоҳаи якуми соли 2021 ва нақшаҳо барои семоҳаи дуюми соли 2021

17.04.2021
|
Comments off
|

Имруз дар толори калони Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти иқтисодию молиявии корхонаҳои тобеи КВД «ХМК» дар семоҳаи якуми соли 2021 ва нақшаҳо барои семоҳаи дуюми соли 2021 баргузор гардид.
Ҷаласаро Директори генералии КВД «ХМК» - Табарзода Ҷамшед Афзал кушода, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд ва баъдан оид ба фаъолияти Корхона баромад намуда, аз камбудиҳо ва дастовардҳои соҳа суханронӣ намуд.
Дар рафти ҷаласаи мазкур Директори генералӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.10.2018 сол, №510, «Дар бораи ҷашн гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханрони намуда, аз ҷониби ў вобаста ба иҷрои саривақтии бандҳои дахлдори қарори мазкур ба масъулини дастгоҳи марказии КВД “ХМК” ва роҳбарони корхонаҳои тобеъ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ супоришҳои қатъӣ дода шуд.
Сипас Муовини директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” Сафарзода Бахтиёр Ғанӣ., дар бораи фаъолияти иқтисодию молиявии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” дар давраи ҳисоботӣ ва мушкилотҳои ҳалталаб дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ баромад намуд.
Баъдан Директори генералӣ Табарзода Ҷ. А., ба таҳлили фаъолияти корхонаҳои тобеъ шурӯъ намуд.
Дар рафти таҳлили фаъолияти корхонаҳои тобеъ аз ҷониби Директори генералӣ супоришҳои қатъи дода шуд.
Барои ислоҳи камбудиҳои ҳалталаби мавҷудаи дахлдор, аз он ҷумла васеъ намудани ҳудуди хизматрасонӣ ва ба ин васила зиёд намудани ҷамъоварии ҳаққӣ хизматрасонӣ ба Директорони КДФ “ХМК”-и н.Истаравшан, КДФ ОваК-и шаҳру ноҳияҳои Нуробод, Қубодиён, Фархор, Шаҳритус, Восеъ, Муъминобод, М.С.А Ҳамадонӣ ва Ҷ.Балхӣ супориши қатъӣ дода шуд, ки аз натиҷаи иҷрои супориши мазкур то моҳи июни соли ҷорӣ маълумотҳои дахлдорро тариқи хаттӣ ба дастгоҳи марказӣ пешниҳод намоянд. Дар сурати иҷро нагардидани супориши мазкур нисбати директорони корхонаҳои мазкур чораҳои муҷозотӣ андешида мешавад.
Ба директорони КДФ “ХМК”-и ноҳияҳои Ванҷ, Рушон, Фархор ва Ҷайҳун супориш дода шуд, ки оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати ҷудо намудани замин барои ташкили гармхонаҳо ва ба он парвариш намудани ниҳоли дарахтони сояафкану мевадиҳанда ва гулу гулбуттаҳои мавсимӣ чораҳои зарӯрӣ андешанд.
Дар рафти ҷаласа барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва дар сатҳи зарурӣ иҷро намудани нишондиҳандаҳои молиявӣ, иҷрои ӯҳдадориҳои қарзӣ ва иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Роҳбарияти КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ба директорони корхонаҳои тобеъ, аз он ҷумла: КФ “ОваК”-и ШНТМ1-и Суғд, КДФ “ОваК”-и шаҳри Бохтар, КДФ “ОваК”-и шаҳри Панҷакент, МД “Сарраёсати Тоҷикобдеҳот” ва КИОНД-и ш.Исфара “Сипоснома” эълон карда шуд.
Инчунин, ба ҳаммаи директорон ва сардорони корхонаҳои тобеъ, ки дар раванди иҷро гардидани ӯҳдадориҳои қарзӣ дар назди БАТР саҳми арзандаи худро гузоштаанд, аз ҷониби Директори генералӣ миннатдории самимӣ баён карда шуд.
Ҳамзамон, дар рафти ҷаласа супориш дода шуд, ки бо сардории муовини Директори генералӣ Сафарзода Б.Ғ., мутахассисони Раёсатҳои дахлдори КВД “ХМК” ва ҷалби масъулини дахлдор аз КФ ОваК-и ШНТҶ гурӯҳҳои корӣ ташкил намуда, оид ба фаъолияти ҳамаи МИТ-и КФ ОваК –и ШНТҶ, ҚОК-и КФ ОваК-и минтақаи 1 вилояти Суғд, КФ ОваК-и вилоятҳои Суғд ва Хатлон то санаи 15.05.2021 сол ҳамчун мониторинг таҳлилҳои молиявию иқтисодӣ ва кадриву коргузорӣ гузаронида, аз натиҷаи он бо муайян намудани камбудиҳои ҷойдошта ва дарҷ намудани роҳҳои ҳалли мушкилотҳои мавҷуда ба Директори генералӣ гузориши дахлдор пешниҳод намоянд.
Ба директори КИОНД – и ш. Исфара супориш дода шуд, ки оид ба пурзур намудани хизматрасонӣ ба аҳолии ҷ/д Шуроб ва Ворухи шаҳри Исфара тадбирҳои зарурӣ андешида, раванди бообтаъминкунии сокинони ҷамоъатҳои мазкурро таҳти назорати доимӣ қарор диҳад.
Ба сардори МД “Сарраёсати Тоҷикобдеҳот” – Шарипов Ҷ., супориш дода шуд, ки:
- ҷиҳати дар сатҳи талаботӣ амалӣ гардидани лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва беҳдошти санитарӣ дар деҳот”, ки аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, то 15 майи соли 2021 оид ба гузаронидани инвентаризатсияи пурраи иншшотҳои мавҷуда ва муайян намудани шумораи муштариён дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои пилотӣ аз он ҷумла: Бохтар, Вахш, Ҷ.Балхӣ, Сарбанд, Дустӣ, Ҷайҳун ва Восеъи вилояти Хатлон тадбирҳои зарурӣ андешида, аз натиҷаи раванди супориши мазкур дар вақти муқарраргардида ба Директори генералӣ ҳисоботи дахлдор пешниҳод намояд;
- барои пурзур намудани самти молиявии КИОНД шаҳру ноҳияҳои пилотӣ, ки дар Лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва беҳдошти санитарӣ дар деҳот” (бо маблағгузории Бонки Умумиҷаҳонӣ) шомил мебошанд, дар давраи тадбиқи лоиҳаи мазкур онҳоро аз иҷрои ӯҳдадориҳои шартномаи байниҳамдигарӣ пурра озод намояд;
- дар доираи имкониятҳои мавҷуда, ҷиҳати ба лоиҳагирӣ ва дар ин замина сохта ба истифода додани бинои корӣ барои КИОНД-и н.Восеъ чораҳои зарурӣ андешида, аз натиҷаи дарёфти имкониятҳои мавҷуда ба КВД “ХМК” гузориш пешниҳод намояд;
- дар якҷоягӣ бо масъулини Раёсати сиёсати обтаъминкунӣ, рафъи обҳои партов ва энергетикаи КВД “ХМК” дар асоси дархости Раиси ноҳияи Дустӣ, ҷиҳати таъсис додани КИОНД-и ноҳияи мазкур тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Сардори Раёсати масъалаҳои ҳуқуқӣ кадрҳо ва кор бо ҷомеаи КВД “ХМК” – (Тағаймуродова Б.) вазифадор карда шуд, ки:
- барои пурра иҷро накардани нақшаҳои молиявию иқтисодии ҷаъмбастии семоҳаи якуми соли 2021, саривақт иҷро накардани супоришу фармонҳои КВД “ХМК”, роҳ додан ба зиёд шудани қарзҳои мавҷуда ва дигар камбудиҳо ба Директорони КДФ ХМК ва КДФ О ва К-и шаҳру ноҳияҳои дахлдор тибқи рӯйхат мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҷозотҳои интизомӣ татбиқ намояд. Инчунин, дар сурати иҷро накардани супоришҳои мазкур нисбаташон чораҳои муҷозотии навбатӣ, то о з о д намудан аз вазифаи ишғолнамуда андешида мешавад;
- оид ба иҷрои саривақтии банди 25-и супориши протоколи аз 29 апрели соли 2015, №5 ва банди 22-и Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №4 аз 27 апрели соли 2017, ҷиҳати кормандони синашон ба нафақа расида ва ҷойивазкунии кормандоне, ки дар як мансаб зиёда аз 5 сол дар КВД “ХМК” ва корхонаҳои тобеи он дар шаҳру ноҳияҳо кор мекунанд тадбирҳои зарурӣ андешад.
Ба сардори Раёсати сиёсати молиявӣ ва иқтисоди КВД “ХМК” – (Назирзода И.) супориш дода шуд, ки оиди аз ҷониби корхонаҳои тобеъ саривақт пардохт шудани қарзҳои мавҷуда дар назди КФ “Маркази таълимӣ ва ислоҳоти КВД “ХМК” чораҷӯӣ намояд.
Директори КДФ “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳри Конибодом вазифадор карда шуд, ки дар самти вусъат бахшидани корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ, инчунин тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ҷиддӣ корбарӣ намояд.
Ба Директори КДФ “ОваК”-и шаҳри Хоруғ супориш дода шуд, ки ҳолати хизматрасониро дар биноҳои истиқоматии баландошёна беҳтар намуда, ҷиҳати пурра ҷамоварӣ намудани ҳаққи хизматрасонӣ чораҳои зарурӣ андешад.
Директори КДФ “ОваК”-и ноҳияи Истаравшан вазифадор карда шуд, ки то ҷамъбасти нимсолаи якуми соли ҷорӣ нақшаи молиявиро пурра иҷро намуда, бо роҳи сарфаҷӯи ба хароҷотҳои дуюмдараҷа роҳ надиҳад.
Ба Директори КДФ “ОваК”-и ноҳияи Кушониён супориш дода шуд, ки ҷиҳати дар муддати як моҳ пардохт намудани қарзҳои мавҷуда дар ҳаҷми 26 ҳазор сомонӣ чораҳои зарурӣ андешад.
Директори КДФ “ОваК”-и ноҳияи Данғара вазифадор карда шуд, ки то ҷамъбасти нимсолаи якуми соли ҷорӣ қарзҳои боқимондаи Корхонаро ба пуррагӣ пардохт намояд.
Баъдан сухани навбати ба намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қ. дода шуд. Намояндаи Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сухан баромада қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар соҳаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст, ки мувафақияту дастовардҳои назаррас дар соҳа бараъло дида мешавад ва дар робита ба ин мехоҳам миннатдории худро ба аҳли кормандони Корхона иброз намоям.
Инчунин, қайд намуд, ки соли 2021 барои ватани азизи мо соли ниҳоят муҳим арзёби мегардад, чунки ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз ҷашнҳои бузурги таърихии миллати тоҷик буда, бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намудани он, саҳифаҳои навро дар таърихи давлатдории миллати тоҷик боз хоҳад кард.
Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қ., диққати масъулини Корхонаро ба иҷрои саривақтии супоришу фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуда, масъулини КВД “ХМК” ва корхонаҳои тобеи онро вазифадор намуд, ки баҳри иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11.03.2021, №30/10-30 (6), ки роҷеъ ба иҷрои бандҳои дахлдори қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.10.2018 сол, №510, «Дар бораи ҷашн гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» равона гардидааст, чораҳои зарурӣ андешида, аз натиҷаи иҷрои бандҳои 205, 286, 301 ва лоиҳаи хати оби нӯшокии маркази ноҳияи Тоҷикобод (332) то 10 майи соли ҷорӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши дахлдор пешниҳод намоянд.
Дар охири ҷаласа Директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Табарзода Ҷ. А., диққати роҳбарони корхонаҳои тобеъро ба иҷрои амру фармонҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону супоришҳои роҳбарияти КВД «ХМК» ҷалб намуд. Ҳамзамон, директорони корхонаҳои тобеъ воқеъ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро вазифадор намуд, ки барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти кориашонро хубтар ба роҳ монда, сифати хизматрасониҳои коммуналиро боз ҳам беҳтар намоянд ва ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол шинондани дарахтони ороишию ҳамешасабз ва гулу гулбуттаҳоро дар кӯчаву хиёбонҳо, майдону гулгаштҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъмин намоянд ва инчунин то ҷамъбасти семоҳаи дуюми соли ҷорӣ фаъолияти корияшонро ҷоннок намуда, дурнамои корхонаҳоро саривақт ва дар сатҳи талаботи иҷро намоянд.
Бо ҳамин ҷаласаи навбатӣ ба анҷом расид.

[…]

Ба истифода додани хати нави оби нӯшокӣ дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара

09.04.2021
|
Comments off
|

9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара хати нави оби нӯшокиро ба истифода доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гардиш додани мурвати шоҳқубури асосии таъминоти оби нӯшокӣ ба аҳолии маҳаллаҳои “Тоҷикон” ва “Сангтӯда”-и деҳоти Ворух боз як пайки шодию нишот ва муждаи ободонӣ оварданд.

Оби нӯшокӣ худҷореъ буда, аз деҳоти Ворух тавассути қубури қутраш 530-миллиметра аз масофаи 7 километр ҷорӣ мегардад.

Иттилоъ дода шуд, ки аз қубури асосии оби нӯшокӣ ба масофаи як километр бо қубури қутраш 315-миллиметра ба тарафи чапи дарёи Исфара хати оби нӯшокӣ гузаронида шуда, ба ин ду маҳаллаи деҳоти Ворух дар ҳаҷми 300 метри мукааб об дар як соат интиқол дода мешавад.

Маҳаллаҳои “Тоҷикон” ва “Сангтӯда” -и деҳоти Ворухи шаҳри Исфара дорои 8 ҳазор нафар аҳолӣ буда, дар доираи амалӣ гардидани ин тадбири муҳим аллакай 340 хонавода бо оби нӯшокӣ пурра таъмин шуданд.

Иқдоми мазкур дар асоси дастуру супоришҳои ҳамешагии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолии деҳоти дурдасти мамлакат амалӣ гардидааст.

Хати оби нӯшокӣ бо харҷи беш аз 500 ҳазор сомонӣ маблағҳои Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ва Корхонаи сохтмону барқарорсозии системаҳои обтаъминкунии чарогоҳ ва деҳоти шаҳри Исфараи Муассисаи давлатии сарраёсати “Тоҷикобдеҳот” кашонида шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи январи соли ҷорӣ оғоз гардида, барои сари вақт ва дар муҳлати муайяншуда анҷом ёфтани он 50 нафар мутахассис ҷалб шуда буд.

Сарвари давлат аз масъулони соҳа талаб намуданд, ки пайваста дар беҳтар гардонидани сатҳи хизматрасонии обрасонӣ ба аҳолии деҳот тадбирҳои бетаъхир андешида, корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба фарҳанги волои истифодаи об миёни сокинонро тақвият бахшанд.

Дар доираи татбиқи лоиҳа аҳолии ду маҳалла, 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва корхонаву муассисаҳои маъмуриву фарҳангии деҳоти Ворух бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин мегарданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара хатти оби нӯшокиро, ки барои таъминоти 15000 аҳолӣ бунёд шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

Хати оби нӯшокӣ дар шаҳраки Шӯроб бо харҷи 13 миллион сомонӣ аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, дарозии он 11 километру 200 метрро ташкил медиҳад.

Тавассути ду пойгоҳи обкашӣ ба ҳавзи асосӣ, ки ғунҷоиши ҳар яке 2000 метри мукааб мебошад, бо қубури қутраш 273-миллиметра оби нӯшокӣ ба сокинони 56 бинои баландошёна ва 608 ҳавлии ҳудуди шаҳраки Шӯроб дастрас мешавад.

Иншооти мазкур дар асоси супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби коргарону мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” бунёд карда шудааст ва оянда барои вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара боз тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегардад.

Таъмини оби тозаи ошомиданӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда дар ин самт дар идомаи татбиқи ташаббусҳои шоёни роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакат зери таваҷҷуҳи пайваста қарор дошта, тайи солҳои охир бо татбиқи барномаҳои гуногун дар ин самт дастовардҳои зиёд ба миён омадаанд.

[…]

НАВРӮЗ МУБОРАК!

21.03.2021
|
Comments off
|

Идатон муборак модарони азиз!

09.03.2021
|
Comments off
|

Ба имзорасонии Созишнома

02.03.2021
|
Comments off
|

Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР), Созишномаи дастгирӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Созишномаи лоиҳавӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», Корхонаи давлатии «Обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Кӯлоб» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба Лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб» 2 март дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуданд.
Созишномаи қарзиро аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва аз тарафи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Айтен Рустамова – Намояндаи доимии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расониданд.
Созишномаи дастгириро Раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода ва аз тарафи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Айтен Рустамова – Намояндаи доимии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расониданд.
Созишномаи лоиҳавиро Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» – Ҷамшед Табарзода, Директори Корхонаи давлатии фаръии «Обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Кӯлоб» – Миралӣ Шарипов ва аз тарафи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Айтен Рустамова – Намояндаи доимии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расониданд.
Мақсади асосии лоиҳа сохтмон, барқарорсозии обанборҳои мавҷуда, беҳтаргардонии сифат, безараргардонии оби нӯшокӣ ва бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳри Кӯлоб ба ҳисоб меравад.
Арзиши умумии лоиҳаи мазкур 15,0 млн евроро ташкил дода, аз он маблағҳои қарзӣ дар ҳаҷми 7,5 млн евро аз ҳисоби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва маблағҳои грантӣ дар ҳаҷми 7,5 млн евро аз ҳисоби Иттиҳоди Аврупо ҷудо мегардад.
Инчунин барои омода намудани лоиҳаи мазкур ҷудо гардидани кумаки техникӣ дар ҳаҷми 1,35 млн евро пешбинӣ гардидааст.
Татбиқи лоиҳа аз аввали соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2024 ба нақша гирифта шудааст.<br> […]

Нишасти матбуотӣ

15.02.2021
|
Comments off
|

Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» баҳри иҷрои супориши Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2021, №26/10-21 тибқи Нақшаи баргузории Нишастҳои матбуотӣ 15 феврали соли 2021 дар мувофиқа бо АМИТ “Ховар” соати 11:00 ин чорабиниро дар бинои маъмурии Корхона воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Қарабоев, 56 бо иштироки Директори генералӣ, муовинон, сардорони Раёсатҳои корхона ва директорони корхонаҳои тобеъ баргузор намуд.
Дар нишасти матбуотӣ, ки ба фаъолияти иқтисодию молиявии корхонаҳои тобеи КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”дар соли 2020 ва нақшаҳо барои семоҳаи якуми соли 2021 бахшида шуда буд, намояндагони ВАО-и даъватшуда ширкат намуданд.
Дар нишасти доирнамудаи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» намояндагони васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ аз ҷумлаи «Муассисаи давлатии Телевизиони Сафина», “Телевизиони Душанбе”, Радиои Тоҷикистон, Садои Душанбе, Радиои Ховар, Рўзномаву ҳафтаномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», “Народная газета”, Ҷавонони Тоҷикистон”, “Бонувони Тоҷикистон”, Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», “Азия плюс”, ва ғайраҳо иштирок намуданд.
Ба намояндагони ВАО-и иштирокдошта раҳнамои матбуот (пресс-релиз) бо ду забон, ки ҳама паҳлӯҳои фаъолияти корхонаро дар давраи ҳисоботӣ фаро мегирифт, дастрас карда шуд.
Дар оғози чорабинӣ Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” Табарзода Ҷ. А., ба иштирокдорони нишаст доир ба фаъолияти иқтисодию молиявии корхонаҳои тобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар соли 2020 ва нақшаҳо барои семоҳаи якуми соли 2021 маълумоти муфассал дод.
Табарзода Ҷамшед қайд намуд, ки дар соли 2020 корхонаҳои тобеи Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммунал», воқеъ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба истифодабарандагон ба маблағи 181 млн 876 ҳазор сомонӣ хизмати гуногуни коммуналӣ расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 14 млн 720,4 ҳазор сомонӣ зиёд буда, дар маҷмӯъ 108,8 фоизро ташкил медиҳад.
Ҷамшед Табарзода афзуд, ки дар соли 2020 дастрасии аҳолии шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ ба оби нӯшокӣ дар маҷмӯъ 65,5 фоизро ташкил медиҳад, ки аз ин ба 13 фоизи аҳолии ҷумҳурӣ аз ҷониби ташкилоти тобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» хизмат расонида мешавад.
Дар нишаст зикр шуд, ки айни замон бо ҷалби сармояи институтҳои молиявии ҷаҳонӣ дар назди КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» се лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ: Лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон–1», Лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон-2» ва Лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои Хатлон» амалӣ шуда истодаанд. Лоиҳаҳои мазкур шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Бӯстон, Конибодом, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Истиқлол, Зафаробод, Истаравшан,, Панҷакент ва Шаҳристони вилояти Суғд, шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Ҷ.Балхӣ ва Ёвони вилояти Хатлонро дар бар гирифта, дар ин самт корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд.
Давоми соли 2020 ба мушкилоти ба миён омада нигоҳ накарда, бо маблағҳои КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ дар якчанд шаҳру ноҳияҳо сохтмони иншооти обтаъминкунӣ ба истифода дода шуд, аз ҷумла пармакунӣ ва иваз намудани хатҳои оби нӯшокӣ дар Ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб, пармакунӣ ва сохтмони чоҳи амудии Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб, кашидани хати оби нӯшокӣ дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода, сохтмони обанбори зеризаминии дорои 500 метри мукааб, кашидани хати оби нӯшокӣ дар Ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи корхонаҳои коммуналии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои ободонӣ ва сабзазоркунӣ ба маблағи 40 млн 291,2 ҳазор сомонӣ иҷро гардидаанд, ки 97,5 фоизи иҷрои нишондиҳандаҳои пешбинишуда мебошад.
Дар ҷамъбасти фаъолияти соли 2020 дар мавсими дарахтшинонӣ зиёда аз 33,8 ҳазор бех дарахтони ҳархела шинонида шуда, дар ин давра ҳаҷми умумии кашонидани партовҳо 484,1 ҳазор м3-ро ташкил медиҳад, ки ин мутаносибан 103 фоизи нақшаи пешбинишударо дар бар мегиранд.
Дар гармхонаҳо зиёда аз 239,3 ҳазор қаламчаи гули садбарг, дар масоҳати 1218 метри мураббаъ гулҳои мавсимӣ ва зиёда аз 21,5 ҳазор бех дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ шинонида шуданд. Онҳо дар мавсими дарахтшинонӣ барои ободонӣ ва сабзазоркунии кўчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳо истифода бурда шуданд.
Сипас дар байни намояндагони ВАО ва Директори генералии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” табодули афкор сурат гирифт, ки ба ҳамаи саволҳои додашуда, намояндагони ВАО посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.

[…]

Ҳамкорӣ бо сармоягузорони хориҷӣ ҷиҳати таъмини аҳолии деҳот бо оби тозаи ошомиданӣ вусъат меёбад

29.01.2021
|
Comments off
|

28 январ вохӯрии виртуалии Директори генералии Корхонаи  воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Ҷамшед Табарзода бо намояндагони USAID доир ба амалинамоии «Лоиҳаи USAID оид ба дастгирии таъмини оби нӯшокӣ дар деҳот» баргузор шуд.
Лоиҳаи USAID оид ба дастгирии таъмини оби нӯшокӣ дар деҳот панҷсола буда, татбиқи он аз моҳи октябри соли 2020 то моҳи сентябри соли 2025 ба нақша гирифта шудааст. Лоиҳа тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) маблағгузорӣ карда мешавад. Лоиҳа дар якчанд манотиқи деҳоте, ки зичии аҳолӣ ба назар мерасад ва аз дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ азият мекашанд, амалӣ карда мешавад.
Директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» таъкид намуд, ки ба воситаи амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самти таъмини оби тозаи нӯшокӣ дар маркази шаҳру ноҳияҳои кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем ва корро дар самти таъмини аҳолии деҳот вусъат мебахшем.
Ёдовар мешавем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти қабули қонунгузории дахлдор ҷиҳати баланд бардоштани сифат ва дастрасии молу хизматрасониҳои ҷамъиятӣ дар деҳот ва алалхусус ҳалли масъалаи таъмини оби нӯшокӣ пайваста тадбирҳои мушаххас меандешад.
[…]

Ҷаласаи ҷамъбастии соли 2020

15.01.2021
|
Comments off
|

Имрӯз дар Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти иқтисодию молиявии корхонаҳои тобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар ҷамъбасти соли 2020 ва нақшаҳо барои семоҳаи якуми соли 2021баргузор гардид.
Ҷаласаро Директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Табарзода Ҷ. А., ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд.
Дар рафти ҷаласаи мазкур Директори генералӣ оид ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-1365, аз 18-уми марти соли 2020,
ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) суханрони намуда, аз ҷониби ӯ вобаста ба масъалаи ҳалталаби мазкур ба роҳбарони корхонаҳои тобеъ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ супоришҳои қатъӣ дода шуд.
Сипас, Муовини директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” Сафарзода Б.Ғ., дар бораи фаъолияти иқтисодию молиявии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” дар давраи ҳисоботӣ ва мушкилиҳои дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҷойдошта ва ҳалли онҳо баромад намуд (замима мегардад).
Ҳамзамон, Директори генералӣ Табарзода Ҷ. А., ба таҳлили фаъолияти корхонаҳои тобеъ шурӯъ намуд.
Дар рафти таҳлили фаъолияти корхонаҳои тобеъ аз ҷониби Директори генералӣ супоришҳои қатъи дода шуд:
1. Ҳамзамон, барои ислоҳи камбудиҳои ҳалталаби мавҷудаи дахлдор, ба Директорони корхонаҳои КДФ ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунии ш. Бохтар, КДФ “ХМК”-и н. Восеъ, КДФ “ХМК”-и н. Хуросон, КДФ “ХМК”-и н. Панҷ, КДФ “ХМК”-и ш. Исфара, КДФ “ХМК”-и ш. Истаравашан, КДФ “ХМК”-и ш. Конибодом ва КДФ “ХМК”-и н. Кушониён, ҷиҳати бартараф намудани қарзҳои дебиторию кредиторӣ, шартномаи байниҳамдигарӣ 8%, қарзҳои музди меҳнат, барқ, андоз, қарзҳои ташкилотҳои буҷетӣ маводҳои аз корхона гирифташуда ва зиёд намудани ҳудуди хизматрасонӣ супориш дода шудаанд, ки маълумотҳои заруриро ба тариқи хаттӣ ба дастгоҳи марказӣ пешниҳод намоянд.
2. Ба сардори Раёсати сиёсати молиявӣ ва иқтисод Назирзода И., супориш дода шуд, ки дар ҳолати бо шартҳои дахлдор кафолат додани КДФ ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунии ш. Кӯлоб, барои маҳкам намудани гирду атрофи иншооту бино дар асоси санади муқоисавӣ тартибдодашуда, ҷиҳати озод намудани Корхонаи мазкур аз иҷрои баъзе уҳдадориҳои молиявӣ, корбарӣ намояд.
3. Дар рафти ҷаласа аз ҷониби Директори генералӣ Табарзода Ҷ. А., ба директорони КДФ “ХМК”-и н. Ш. Шоҳин, КДФ “ХМК”-и н. Балҷувон, КДФ “ХМК”-и н. Ховалинг, КДФ “ХМК”-и н. Кушониён, КДФ “ХМК”-и н. Хуросон, КДФ “ХМК”-и н.Дӯсти, КДФ “ХМК”-и н. Қубодиён, КДФ “ХМК”-и н. А. Ҷомӣ супориш дода шуд, ки оид ба пардохти қарзҳои мавҷуда, инчунин вусъат бахшидани корҳои ободонӣ барои бозҳам беҳтар гардидани сифати корҳои хизматрасонӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
4. Ҳамаи директорони корхонаҳои тобеъ вазифадор карда шаванд, ки дар тобеияти корхонаҳои худ “шуъбаҳои назорат” ташкил намуда, сардорони шуъбаҳои мазкурро дар мувофиқа бо Директори генералӣ таъин намоянд.
5. Ба Сафарзода Б.Ғ., супориш дода шуд, ки собиқ директори КДФ О ва К - и ноҳияи Ёвонро даъват намуда, оид ба бартараф намудани мушкилотҳои ҳалталаби ба миён овардашуда, ҳарчи зудтар чораҳои зарурӣ андешад.
6. Дар рафти ҷаласа барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва дар сатҳи зарурӣ иҷро намудани нишондиҳандаҳои молиявӣ дар назди Корхона ва БАТР, ҷиҳати саривақт дастрас намудани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Роҳбарияти КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ба директорони корхонаҳои тобеъ, аз он ҷумла: КДФ “ХМК”-и шаҳрҳои Бохтар, Левакант, КДФ “ХМК”-и ноҳияи Дӯстӣ, КДФ “ХМК”-и ноҳияи М.С.А.Ҳамадонӣ, КДФ “ХМК”-и ноҳияи Гулистон, КДФ “ХМК”-и шаҳри Панҷакент, КДФ О ва К - и ш. Бохтар, КДФ О ва К - и ш. Кӯлоб, КДФ О ва К - и н. Зафаробод, КДФ О ва К - и н. Шаҳристон, КДФ О ва К - и н. Деваштич ва КИОНД - и ш. Турсунзода “Раҳматнома” эълон карда шуд.
Оид ба иҷрои саривақтии банди 25-и супориши протоколии аз 29 апрели соли 2015, №5 ва банди 22-и Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №4 аз 27 апрели соли 2017, ҷиҳати кормандони синашон ба нафақа расида ва ҷойивазкунии кормандоне, ки дар як мансаб зиёда аз 5 сол дар КВД “ХМК” ва корхонаҳои тобеи он дар шаҳру ноҳияҳо кор мекунанд ҷиддӣ чораҷӯӣ намояд.
Баъдан сухани навбати ба намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқаддасзода Фирдавс дода шуд. Намояндаи Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сухан баромада қайд намуд, ки дар соҳаи мазкур корҳои зарурӣ ба анҷом расонида шуда, новобаста аз вазъи мушкилотҳои (хусусан COVID-19) дар соли 2020 ба миён омада, мувафақияту дастовардҳои назаррас дар соҳа бараъло дида мешавад. Оид ба самти обтаъминкунӣ дар маҳаллаҳои навбунёд таъкид карда шуд, ки бо вазорату идораҳои дахлдор дар ҳамбастагӣ корбарӣ намоянд.
Инчунин қайд намуд, ки соли 2021 соли ниҳоят муҳим барои кишвари мо мебошад, чунки ҷашнҳои зиёд дар пеш истодааст, хусусан ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бояд нисбати ин ҷашнҳои муҳими таърихӣ чораҳои зарурӣ андешем, ҳамзамон таъкид карда шуд, ки МД “Сарраёсати Тоҷикобдеҳот” дар деҳотҷойҳо оиди таъмини оби нӯшокӣ хусусан дар ҷ/д Шӯроби ш. Исфара тадбирҳои заруриро дар сатҳи лозима ба анҷом расонанд.
Дар охири ҷаласа Директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Табарзода Ҷ. А., диққати роҳбарони корхонаҳои тобеъро ба иҷрои Амру фармонҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону супоришҳои КВД «ХМК» ҷалб намуд. Ҳамзамон, директорони корхонаҳои тобеи КВД «ХМК» воқеъ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро вазифадор намуд, ки барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти кориашонро хубтар ба роҳ монда, сифати хизматрасониҳои коммуналиро боз ҳам беҳтар намоянд ва ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол шинондани дарахтони ороишию ҳамешасабз ва гулу гулбуттаҳоро дар кӯчаву хиёбонҳо, майдону гулгаштҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъмин намоянд ва инчунин то ҷамъбасти семоҳаи якуми соли ҷорӣ фаъолияти корияшонро ҷоннок намуда, дурнамои корхонаҳоро саривақт ва дар сатҳи талаботи иҷро намоянд.

[…]



Саҳифаҳо: 1 2 3 4 Пеш >>