• info@khmk.tj
  • +992(37)233-49-83
  • ш. Душанбе н. Фирдавсӣ к.Н.Қарабоев 56
КУМИТАИ ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

                                                          Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот


Лоиҳаи “ Обтаъминкунӣ  ва беҳдошт дар деҳот” барои беҳтар намудани вазъи воқеӣ дар соҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошти санитарӣ дар деҳот нигаронида шуда, татбиқи асосан дар ноҳияҳои ҷануби вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияҳои Вахш, Кӯшониён, Ҷ. Балхӣ, Дӯстӣ, Ҷайҳун, шаҳри Левакант ва ноҳияи Восеъ амалӣ карда мешавад.

 Лоиҳа асосан аз 3 ҷузъ ( компонент) иборат мебошад.

 Ҷузъи якум– сармоягузорӣ ба инфрасохтори обтаъминкунӣ ва рафъи обҳои партов дар минтақаҳои интихобшуда.

Ҷузъи дуюм –  бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар пешбурди ислоҳоти соҳаи об ва банақшагирии сармоягузорӣ дар ин самт равона мегардад.

Ҷузъи сеюм – идоракунии Лоиҳа ва хароҷоти дастгирии татбиқи онро маблағгузорӣ мекунад.