Корхонаи Воҳиди Давлатии
"ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛӢ"
+(992) 372 334983
Тамос бо мо
Русский (RU) Тоҷикӣ (TJ)

Лоиҳаҳо

Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимолии Тоҷикистон - 2

Мақсад:
Барқарорсозӣ ва азнавсозии системаи обтаъминкунии шаҳру ноҳияҳои Шаҳристон, Зафаробод, Истаравшан ва Панҷакенти вилояти Суғд
Маблағгузорӣ:
Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд
Мӯҳлат:
2015-2019 сол
Корҳои дар доираи лоиҳа:
Барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ дар шаҳру ноҳияҳои Шаҳристон, Зафаробод, Истаравшан ва Панҷакент, харидорӣи намудани техника ва таҷҳизотҳои ёрирасон барои шаҳрҳои пилотӣ, гузаронидани татқиқотҳои гидрогеологӣ дар шаҳрҳои пилотӣ

Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои Хатлони Тоҷикистон

Мақсад:
барқарорсозӣ ва азнавсозии системаи обтаъминкунии шаҳру ноҳияҳои Ҷ. Румӣ ва Ёвони вилояти Хатлон
Маблағгузорӣ:
Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд
Мӯҳлат:
2015-2019 сол
Корҳои дар доираи лоиҳа:
Сохтмони шоҳқубур аз обанбор то ҳавзҳои оби тоза, сохтмони шоҳқубури худҷоришаванда, барқарорсозӣ ва васеъ намудани шабакаҳои обтақсимкунӣ дар ш. Ёвон, Сохтмони шоҳқубури баланд фишор ва худҷоришаванда дар шаҳраки Исоев, Барқарорсозии обанбори мавҷудбуда дар ш. Ёвон, Барқарорсозии обанбор, ҳавзҳо ва калон намудани бинои маъмурӣ дар шаҳраки Исоев, сохтмони истгоҳи нави обтаъминкунӣ дар шаҳраки Исоев, Барқарорсозии истгоҳи насосӣ дар ш. Исаев, Харидории техникаҳои махсуси коммуналӣ ва таҷҳизотҳои ёрирасон барои Ёвон ва Ҷ.Румӣ.

Барқарорсозии системаи обтаъминкунии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон

Мақсад:
Барқарорсозии системаи обтаъминкунии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон
Маблағгузорӣ:
Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ (JICA) бо Ҳукумати Ҷопон ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мӯҳлат:
2014-2018 сол
Корҳои дар доираи лоиҳа:
Баҳри оқози корҳои даркорҳои сохтмонӣ санаи 17 сентябри соли 2014 дар шаҳри Токио Ҷопон бо ширкати пудратии «DAI NIPPON CONSTRUCTION» ба маблақи 14 млн. 715 ҳазор долл. ИМА созишнома ва қарордод ба имзо расонида шудааст. Бояд қайд кард, ки санаи 4 июли соли 2014 бо ширкати мушовирии Eight-Japan Engineering Consultants Inc. ба маблақи 960,0 ҳазор доллари ИМА қарордод барои иҷрои хизматрасониҳои мушовирӣ ва назорат аз болои иҷрои корҳои сохтмонӣ ба имзо расидааст

Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тақийрёбии иқлим

Мақсад:
Барқарорсозии системаи обтаъминкунии ҷамоатҳои Туқарак (деҳаҳои Ибрат, Сулҳобод, Навбаҳор ва Тугарак) дар ноҳияи Восеъ, ҷамоатҳои Зираки (деҳаҳои Хуҷаисоқ ва Зерқалъа), Даҳанаи (деҳаҳои Даҳана, Ёқсучиён, Чинор, Гулрез ва Баҳористон) дар шаҳри Кӯлоб, ҷамоатҳои Намуна(деҳаи Камунизм), Меҳвари ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон иборат мебошад.
Маблағгузорӣ:
Бонки Осиёгии Рушд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми институтҳои молиявӣ
Мӯҳлат:
2013-2018 сол
Корҳои дар доираи лоиҳа:
Барқарорсозӣ ва сохтмон шабакаҳои обтаъминкунии ба тақйирёбии иқлим устувор дар ш.Қӯлоб, Сохтмон ва барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунии ба тақйирёбии иқлим устувор дар ҷамоати Тугараки н. Восеъ, сохтмон ва барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунии ба тақйирёбии иқлим устувор дар ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Восеъ корҳо тибқи нақша идома ёфтаистодаанд.

Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои марказии Тоҷикистон

Мақсад:
барқарорсозӣ ва сохтмонӣ системаи обтаъминкунии шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳринав, Рӯдакӣ ва Турсунзода иборат мебошад
Маблағгузорӣ:
Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд
Мӯҳлат:
2012-2015 сол
Корҳои дар доираи лоиҳа:
Сохтмони хатҳои обгузар ва иваз намудани шабакаҳои обтақсимкунӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳринав, Рӯдакӣ ва Турсунзода Барқарорсозии обанбори Куктош, сохтмони ҳавзҳои нав барқарорсозии ҳавзҳои мавҷудбудаи обнигоҳдорӣ дар ш.Сомониён, сохтмони ҳавзҳои нави обнигоҳдорӣ, барқарорсозии обанборҳо, Харидорӣ ва таъмини техникаҳои коммуналӣ барои аҳру ноҳияҳои пилотӣ, Насби ҳисобкунакҳои об

Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимолии Тоҷикистон

Мақсад:
Барқарорсозӣ ва сохтмонӣ системаи обтаъминкунии шаҳру ноҳияҳои Б. Қафуров, Исфара, Бӯстон, Гулистон, Табошар, Конибодом ва Хоруқи ВМКБ иборат мебошад.
Маблағгузорӣ:
Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд
Мӯҳлат:
2012-2015 сол
Корҳои дар доираи лоиҳа:
Барқарорсозии шабакаҳои обгузар дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Қафуров, Исфара, Чкалов, Қайроққум, Табошар, Конибодом ва Хоруқ, насби хисобкунанкхои об, харидории техникаҳои махсуси коммуналӣ, харидории таҷҳизотҳои ёрирасон, таъмини реагентҳои химиёвӣ ва хароҷоти маҳсулоти лабораторӣ, харидории тракторҳо

Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои ҷануби Тоҷикистон

Мақсад:
Барқарорсозӣ ва сохтмони системаи обтаъминкунии шаҳрҳои Қурқонтеппа, Кулоб ва Данқараи вилояти Хатлон иборат мебошад.
Маблағгузорӣ:
Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд
Мӯҳлат:
2010-2013 сол
Корҳои дар доираи лоиҳа:
Тоза кардани ҳавзҳои биологӣ ва Барқарорсозии истгоҳи насосӣ кутали № 2 ва 3 дар ш. Кӯлоб, Харидори ва насби таҷҳизотҳо барои тоза намудани об дар ш. Қурқонтеппа, сохтмони иншооти обтозакунӣ дар обанбори н. Данқра, Барқарорсзии истгоҳи насосии канализатсионӣ дар ш. Қурқонтеппа, Барқарорсозии обанбори Ҷангалаки н. Данқара. Харидорӣ ва насби ҳисобкунакҳои об барои шаҳруноҳияҳои Қурқонтеппа, Кулоб ва Данқара Барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ дар ш. Қурқонтеппа